Душанбе, 3 ноя — Sputnik. Қарзии давлатии ИМА дар давраи раёсати Барак Обама наздик ба ду баробар зиёд шудааст, менависад РИА Новости бо истинод ба нашрияи The Washington Times.
"Вақте ҷаноби Обама нақшаи нави буҷаи дусоларо қабул мекунад, бештари таваҷҷуҳ ба бахше равона хоҳад шуд, ки паёмади давраи раёсати ӯ мебошад. Аммо ҷаноби президент ҳам дар ин бора ҳарф задан намехоҳад", — навиштааст нашрия.
The Washington Times инро дар назар дорад, ки бар асоси нақшаи нави буҷа маҳдудияти қарзи давлатии ИМА коҳиш дода мешавад, ки ин ба Вашингтон имкон медиҳад, то анҷоми давраи раёсати Борак Обама боз 1,5 триллион доллари дигар қарз гирад. Дар ҳоле ки ҳоло қарзи давлатии ИМА 18,15 триллион доллар мебошад.
Бо ин ҳол то анҷоми давраи раёсати Обама қарзи давлатии ИМА то ба 20 триллион доллар мерасад.
The Washington Times менависад, ки вақте соли 2009 Барак Обама раисҷумҳури ИМА интихоб шуд, қарзи давлатии кишвараш 10,6 триллион долларро ташкил медод.
Сенати конгресси ИМА шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар пайи қабули палатаи поёнӣ лоиҳаи қонунеро тасдиқ кард, ки бар асоси он маҳдудияти қарзи давлатии ин кишвар то соли 2017 коҳиш меёбад.
Аммо аксарият аз ин тасмими Кохи сафед ва конгресс норозиянд.
"Мо ба ҷаноби Обама ройгон имкон медиҳем, то дар давраи раёсати худ ҳар қадаре мехоҳад, бигирад. Ягон маҳдудият нест. Биёед, ҷаноби президент ҳар қадаре мехоҳед, сарф кунед", — гуфтааст яке аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳон аз иёлати Кентукки ва номзад ба мақоми президентии ИМА Рэнд Пол.