Душанбе, 23 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Борак Обама ба лоиҳаи буҷаи дифои кишвараш барои соли 2016 рӯзи панҷшанбе вето гузоштааст, — мегӯяд, Кохи сафед.
Қаблан Сенати конгресси Амрико баъд аз палатаи намояндагон тарҳи қонуни буҷаи молиявӣ дар бахши низомиро ба тасвиб расонид, ки раисҷумҳури ин кишвар аз имзои он худдорӣ кард. Зеро дар матни он афзоиши хароҷоти низомӣ наздик ба 90 миллиард доллар дар соли ҳисоботӣ бидуни ворид кардани механизмҳои васеътари буҷетӣ миёни ду ҳизб дар конгресс нишон дода шудааст.
Ҷумҳурихоҳон, ки ҳар ду палатаи конгрессро зери назорат доранд, имкони рад намудани ветои президентро нахоҳанд дошт, зеро райъи қобили эътимод ба даст намеоранд. Ҳамин тавр, баъди ветои раисҷумҳур машваратҳо аз сар гирифта мешаванд.
Аз $612 миилиард, ки барои хароҷоти буҷаи низомии ИМА бояд ҷудо мешуд, ҳудуди $300 миллион барои кӯмак ба Украина дар умури ҳарбӣ ва бахши ҷосусӣ ихтисос меёфт.
Бо ин маблағ ба Киев аслиҳа, миномёт, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар навъи кӯмакҳои низомӣ ироа хоҳад шуд. Шеваи масрафи онро Пентагон муштаракан бо Департаменти давлатии ИМА муайян мекунад.