TojNews: дар бозорҳои Душанбе тиҷорат равнақ надорад

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБозори Шоҳмансури Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансури Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазони имсол баръакси рамазонҳои қаблӣ барои тоҷирон хурсандӣ наоварад. Тоҷирони бозорҳои Душанбе шикоят мекунанд, ки маҳсулоташон ба фурӯш намеравад.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Соҳибкорои бозорҳои Душанбе мегӯянд, қимати маҳсулоти ниёзи аввалия ва меваҷот дар Рамазони имсол боло нарафт ва тиҷорат низ коҳиш ёфт, менависад ОИ Тojnews.

Бозори Шоҳмансур-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷири бозори “Саховат” дар Рамазон нархи маҳсулоташро поин бурд
 

Дар солҳои пештар, зимни фарорасии моҳи Рамазон дар Тоҷикистон нархи маҳсулоти ғизоӣ то ду-се маротиба боло мерафт. Ин пеш аз ҳама нигаронии сокинон, бахусус бошандагони пойтахти кишварро ба вуҷуд меовард. Аммо Рамазони имсол нархҳоро дар Тоҷикистон ба дараҷаи чашмрас боло набурд. Масъулини бозорҳо инро муваффақияти худ мешуморанд, ки дар натиҷаи захираи маҳсулоти зарурӣ бозорро фаровон кардаанд.

Бино бар гузориши "TojNews", соҳибкорон дар ин маврид назари дигар доранд.

"Савдо мисли гузашта хуб нест ва набудани харидор соҳибкоронро аз боло бурдани нарх боз медорад", — гуфтааст ба хабаргузлрӣ Алифмоҳ, фурӯшандаи мева дар бозори "Саховат"-и Душанбе.

Вай дар идома афзудааст, ки агар нархҳо боло бурда шаванд, меваҳо харидор пайдо намекунанд ва давоми 2-3 рӯз вайрон мешаван.

Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар моҳи Рамазон фурӯши маҳсулот бо нархи арзон роҳандозӣ мегардад

Хабарнигори оҷонсӣ менависад, дар бозори Саховат қимати гӯшти гов 35 ва гӯшти гӯсфанд 36 сомонӣ аст. Ин нарх нисбат ба соли гузашта 7 сомонӣ арзонтар аст. Аммо ба фарқ аз соли гузашта, харидорон дар растаи гӯштфурӯшӣ хеле кам ба назар мерасанд. Соли гузашта гӯшти босифати говро бо нархи 38-39 сомонӣ аллакай дар бомдод мефурӯхтанд.

Аслӣ Ниёзова, яке аз соҳибкори бозори Саховат гуфтааст, вай маҳсулотро аз дасти дуюму сеюм мегирад, бинобар ин молаш қиматтар аст. Бино ба гуфтаи ин соҳибкор, деҳқонон аслан ба бозор роҳ надоранд ва маҳсулоти худро шабона соатҳои 12 оварда, ба яклухтфурӯшони бозори "Деҳқон" мефурӯшанд.

Апаи Аслӣ мегӯяд, агар солҳои пеш ҳар рӯз то 100 кг мева мефурӯхт, имсол дар як рӯз наметавонад аз 20 — 30 кг маҳсулот зиёдтар фурӯшад.

Бозорҳои дигари Душанбе, "Шоҳмансур" ва "Сафариён", ба навиштаи хабарнигори "TojNews" ҳамин ҳолро доранд.

Ба ҳар сурат, ба ҷойи хулоса метавон ҳаминро гуфт, ки чандон боло нарафтани нархи ғизо дар бозорҳои пойтахт дар моҳи Рамазон, ки одатан ба таври рекордӣ боло мерафт, исботи қонуни иқтисоди бозор аст, ки нархро арзаву тақозо маълум мекунад, на дастуру супоришҳои ҳокимон ва ё амри маъруфи уламои руҳонӣ, хулоса кардаст хабарнигор.

Лентаи хабарҳо
0