Керрӣ: Вашингтон аз амният ва иқтисоди Осиёи Марказӣ ҳимоят мекунад

© AP / Carlo AllegriВазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ. Акс аз бойгонӣ
Вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли дипломат, дар марҳалали кунунӣ масоили иқтисодию амниятӣ ба ҳам марбут мебошанд ва ИМА шарики иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва ҳам дар соҳаи амният ҳам онҳоро ёрӣ мерасонад.

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Самарқанди Узбакистон гуфтааст, Вашингтон аз тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатии ҳамаи кишварҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳимоят хоҳад кард.

ВАО: нахустин боздиди Ҷон Керрӣ аз Тоҷикистон

"Мо мехоҳем, ҳамкориҳои дуҷонибаи худро дар минтақа тавсеа ва таҳким бахшем. Мо бояд хуб бифаҳмем, ки дӯстӣ бо якҷониб набояд имкониятҳои дӯсти бо ҷониби дигарро маҳдуд созад. Ин бозӣ нест", — афзудааст ӯ.

Вазири корҳои хориҷии ИМА таъкид кардааст, ки ҳар кишвар ҳақ дорад, бо кишвари дилхоҳ ҳамкорияшро ба роҳ монад. Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз фишорҳои берунӣ озод бошанду аз чизе тарсу ҳарос надошта бошанд.

Дар ин вохурӣ, масоили вобаста ба рушди иқтисоди кишвар, ҳифзи муҳити зист, таъмини амният ва суботи минтақавӣ ва арзишҳои инсонӣ баррасӣ шудааст.

Ба қавли дипломат, дар марҳалали кунунӣ масоили иқтисодию амниятӣ ба ҳам марбут мебошанд ва ИМА шарики иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва ҳам дар соҳаи амният ҳам онҳоро ёрӣ мерасонад.

Лавров бо Керрӣ роҳҳалли буҳрони Сурияро баррасӣ кард

"Мо мехоҳем, ба хотири ҷонибдорӣ аз лоиҳаи нави Роҳи абрешим бо ҳам кор кунем ва бесаброна ҳамкорӣ дар соҳаи беҳтар намудани равиши убури сарҳад ва инфрасохторҳоро интизорем", — илова кардааст ҷаноби Керрӣ.

Дар мулоқот инчунин масоили вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи энергетика ҳам баррасӣ шудааст. Вазири корҳои хориҷии ИМА гуфтааст, бидуни истиқлолияти энержӣ набояд рушди минбаъдаи минтақаро интизор шуд.

"Мо дар лоиҳаҳои ба мисли CASA-1000, ки барои ташкили бозори ҷаҳонии барқ ва интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба ҷануби Осиё равона шудааст, қадамҳои аввалияи хубе гузоштем", — гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Керрӣ ба зарурати рушди иқтисоди сабз таъкид карда, гуфтааст, кишвараш мехоҳад, барномаи нави "Smart Waters"-ро роҳандозӣ кунад.

Дипломати амрикоӣ инчунин риояи арзишҳои демократӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро зарур хондааст.

Лентаи хабарҳо
0