ВАО: нахустин боздиди Ҷон Керрӣ аз Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Максименко / Гузариш ба медиабонкКотиби департаменти давлатии ИМА Ҷон Керрӣ. Акс аз бойгонӣ
Котиби департаменти давлатии ИМА Ҷон Керрӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадафи боздиди Керрӣ аз Тоҷикистон бо ибораҳои стандартии дипломатӣ - “баррасии масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақа” пардапӯш аст.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ охирҳои моҳи октябр аз кишварҳои Осиёси Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боздид мекунад, менависанд, расонаҳои хабарӣ.

Вазири корҳои хориҷии ИМА баъд аз суҳбат дар бораи Сурия рӯзҳои 28-29 дар шаҳри Вена озими Осиёи Марказӣ мешавад.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ӯ ба шаҳрҳои Тошканд, Бишкек, Ашқобод, Остона ва Душанбе сафар мекунад.

Лавров бо Керрӣ роҳҳалли буҳрони Сурияро баррасӣ кард

"Ин нахустин сафари Керрӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аввалин боздиди ӯ аз 5 кишвари ин минтақа дар доираи як сафар ба шумор меравад", навиштаанд, расонаҳи хабарӣ.

Ҷаноби Керрӣ дар шаҳри Бишкек дар маросими ифтитоҳи бинои Донишгоҳи амрикоӣ ва яке аз биноҳи нави сафорати ИМА дар Қирғизистон иштирок мекунад.

Дар шаҳри Тошканд ӯ дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ — С5+1, ки соли равон ташкил гардид, ширкат мекунад.
Дар Остона ӯ дар муколамаи стратегияи ҳамкориҳои ИМА ва Қазоқистон иштирок хоҳад кард.

Аммо дар Ашқобод ва Душанбе Керрӣ танҳо масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаро баррасӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0