ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Раҳбари "ал-Қоида", ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар Русия Айман Завоҳирӣ аз тамоми мусулмонон даъват кардааст, барои муқобала аз "таҳдидҳо"-и Русия ва Ғарб дар Сурия ва Ироқ муттаҳид шаванд.
Ӯ дар изҳороти худ, ки дар интернет паҳн шуд, гуфтааст, "амрикоиҳо, русҳо, эрониҳо ва алавиҳову Ҳизбуллоҳ ҷанги худ алайҳи моро ҳамоҳанг кардаанд ва мо наход ҳанӯз ҳам ба ҷойи равона кардани тамоми неруҳои худ дар якҷоягӣ алайҳи онҳо миёни худ биҷангем", навиштааст хабаргузории Рейтер.
Замони сабти ин изҳороти раҳбари "ал-Қоида" маълум нест. Вале азбаски дар он исми Русия ҳам гирифта мешавад, маълум аст, баъд аз шурӯи амалимётҳои Маскав дар Сурия 30 сентябр алайҳи гуруҳҳои террористӣ бо дархости раисҷумҳури ин кишвар Башшор Асад мебошад.
Моҳи сентябр "ал-Қоида" бо пахши як изҳорот гуфт, хилофати таъсисдодаи созмони террористии "Давлати исломӣ" бо раҳбарии Абӯбакр Бағдодиро қабул надорад ва аз ин рӯ, аз тамоми ҷангиёни ин созмон даъват кард, барои муқобала бо эътилофи кишварғои Ғарб дар Сурия ва Иқроқ ба саффаш бипайванданд.
Созмони террористии "Давлати исломӣ" баъд аз шурӯи амалиётҳои низомии Маскав дар Сурия дар Русия ҳам ҷиҳод эълон кард. Коршиносон бар ин назаранд, ки ба ҳам омадани ал-Қоида ва "Давлати исломӣ" вазъ дар Ховари Миёнаро боз ҳам бадтар хоҳад кард.