ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Гуруҳи террористии "ал-Қоида" тоҷирони калидӣ ва маъруфи Амрикоро таҳдид ба қатл кардааст. Ин созмони гуфтааст, агар онҳо сармояи худро аз иқтисоди ин кишвар берун набаранд, ҳатман кушта хоҳанд шуд, менависад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизиони NBC News.
Дар феҳрасти тоҷирони амрикоӣ, ки аз сӯи "ал-Қоида" таҳдид шудаанд, номи муасиси Microsoft- Билл Гейтс, миллиардер- Уоррен Баффет, бародарон- Чарлз ва Дэвид Кох, шаҳрдори пешини Ню-Йорк-Майкл Блумберг, раҳбари якчанд казиноҳо- Шелдон Аделсон, писари муассиси Wal-Mart- Джим Уолтон ҳам ҳаст.
Дар ин изҳорот "ал-Қоида", ки онро маҷаллали "Inspire" марбут ба ин созмон нашр кардааст, гуфта мешавад, ҳар тоҷире, ки дороии худро аз иқтисоди Амрико берун бурда, дар хориҷ аз ин кишвар сармоягузорӣ кунад, номаш аз феҳристи мазкур хат зада хоҳад шуд. Ин созмон дар идомаи изҳороташ аз амрикоиҳои африқоитабор даъват кардааст, барои мубориза алайҳи ноадолатӣ нисбат ба онҳо дар ҷомеаи ИМА ба суфуфи ҷангҷӯёнаш бипайванданд.
"Ал-Қоида" рӯзи 9 сентябри соли равон эълон кард, созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро дар мубориза алайҳи неруҳи эътилофи ба раҳбарии Амрико кумак хоҳад кард. Айман аз-Завоҳирӣ раҳбари ин созмон гуфт, ҷангиён ӯ агар зарурате пеш ояд, барои муқобала бо неруҳои эътилофӣ дар Сурия ва Ироқ ба суфуфи аъзои "Давлати исломӣ" шомил хоҳанд шуд.
Қаблан раҳбари "Ал-Қоида" аз байъати худ бо раҳбари нави гуруҳи Толибон Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур дарак дода буд. "Ал-Қоида" яке аз гуруҳҳои бузурги террористии байналмилалӣ ба шумор меравад, ки зоҳиран бо ҷомеаи Ғарб дар ҳоли мубориза аст. Як қатор амалиётҳои террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба сафорати Амрикову ҳаводиси 11 сентябри соли 2011 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро кори он медонанд.