Пешвои “Ал-қоида” садоқати худро ба роҳбари “Толибон” изҳор кард

© AP / Amir SharБоевики Талибан на пути Баглан. Архивное фото
Боевики Талибан на пути Баглан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари “Ал-Қоида” барои ёфтани паноҳгоҳ дар марзи Афғонистону Покистон талош дорад, ки аз такягоҳҳои асосии Толибон ба ҳисоб меравад ва дар иртибот бо ин ба сарвари ҷадиди ҳаракати тундгароёни исломӣ изҳори садоқат кард.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Пешвои созмони Ал-Қоида Айман ал-Завоҳирӣ, ба раҳбари нави Толибон Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур изҳори садоқат кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Мулло Умар, раҳбари Толибон ду соли пеш мурдааст

"Мо садоқати худро ба ҷаноби пешвоямон, роҳбари содиқ Ахтар Муҳаммад Мансур баён мекунем, Аллоҳ ӯро нигаҳбон бошад",- иқтибос меорад оҷонсӣ аз суханони Завоҳирӣ.

Мақомоти амниятӣ ба ин назаранд, ки Айман ал- Завоҳирӣ бо ин кор мавзеъгирии созмонаш дар баҳсҳо ба сари раҳбарии гурӯҳи Толибонро нишон додааст ва раҳбари Ал-Қоида барои ёфтани паноҳгоҳ дар марзи Афғонистону Покистон талош дорад.

Баъди таъйид шудани марги раҳбари пешини "Толибон" Мулло Умар, ҳаракати мазкур Ахтар Муҳаммад Мансурро пешвои ҷадиди худ эълон кард.  

Лентаи хабарҳо
0