Сарвазирони кишварҳои ИДМ 40 санади ҳамкорӣ имзо карданд

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкД.Медведев дар ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Душанбе иштирок кард
Д.Медведев дар ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Душанбе иштирок кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Инчунин иштирокдорони ҷаласа ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон, маориф, ёрии тиббию иҷтимоӣ ба собиқадорон, ҷилавгирӣ ва рафъи оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда ва бехатариро баррасӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раҳбарони ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳошияи ҷаласаи худ дар шаҳри Душанбе зери 40 санад имзо гузоштанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ҷаласаи Шӯрои раҳбарони кишварҳои ИДМ. 16 октябр 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Сергей Гриняев: ИДМ ҷойро барои АвруОсиё дар оянда холӣ мекунад

"Аксари ин аснод асосан марбут ба рушди ҳамкорӣ дар бахши иқтисодиётанд. Аз ҷумла, иборат аз татбиқи Шартнома дар бораи фазои тиҷорати озод, фаъолияти мақомоти соҳавӣ дар бахши иқтисодиёт, тадбирҳо ҷиҳати татбиқи марҳалаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, масоили ҳамкории инноватсионӣ, рақобат дар бозорҳои амвол, мухобираи барқӣ, энергетика, бозори қоғазҳои қиматбаҳо, ҳамчунин маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти молиявӣ мебошанд", — афзудааст манбаъ.

Инчунин иштирокдорони ҷаласа ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар бахши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ҳамкории байналмилалии ҷавонон, маориф, ёрии тиббию иҷтимоӣ ба собиқадорон, ҷилавгирӣ ва рафъи оқибатҳои вазъиятҳои фавқулодда ва бехатариро баррасӣ кардаанд.

Парчами кишварҳои ИДМ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии хадамоти вижаи ИДМ барои шиносоии ҷангиёни баргашта аз Сурия

Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ низ номзадии Владимир Соколов аз Русияро ба ҳайси раиси Кумитаи омори ин созмон тасдиқ карда, муҳлати фаъолияти Марат Абдираев аз Қирғизистонро дар вазифаи муовини роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ тамдид кардаанд.

Ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои аъзои ИДМ субҳи 30 октябр бо иштироки сарвазирони Арманистон Овик Абраамян, Беларус Андрей Кобяков, Қазоқистон — Карим Масимов, Қирғизистон — Темир Сариев, Русия — Дмитрий Медведев, Тоҷикистон — Қоҳир Расулзода баргузор шуда, дар ин ҳамоиш Туркманистонро дар муовини раиси девони вазирон ва Озарбойҷону Ӯзбекистонро ноибони сарвазирон намояндагӣ карданд.

Мувофиқи барнома субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони ҷаласаро ба ҳузур пазируфт.

Лентаи хабарҳо
0