ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Шумори ҳалокшудагони покистонӣ дар пайи заминларзаи ахир дар Покистон ба 255 нафар расидааст, хабар медиҳад, РИА Новости бо истинод ба Идораи миллии Покистон дар умури бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ.
Қаблан шумори қурбониён на камтар аз 200 нафар арзёбӣ мешуд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, 1 ҳазору 697 нафар маҷруҳ шудаанд. Бо ин ҳол, дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи душанбе аз ҳама бештар талафоти ҷонӣ дар Афғонистон миёни сокинони вилояти Хайбер-Пахтунхва ба қайд гирифта шудааст, ки шумори ҳалокшудагон ба 208 нафар мерасад. Наздик 9 ҳазору 209 хона хароб шудааст.
"Ҳоло чархбол дар вилояти Хайбер-Пахтунхва расидааст ва корҳои наҷотдиҳӣ шуруъ шуданд. Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби идора 2 ҳазору 500 рӯйпӯш, 3 ҳазору 250 хайма ва 3 ҳазор дона зерпарто тақсим карда шудааст", омадааст, дар иттилояи ин ниҳод.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи Times of India хабар додааст, ки дар Ҳиндустон бар асари заминларза чаҳор кас ҷон додааст. Аксари ҳалокшудагон дар шаҳри Сринагар зиндагӣ мекардаанд. Сокинони иёлатҳои Химачал-Прадеш, Уттаракханд ва Ҷамму Кашмир ҳам осеб дидаанд.
Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи зуҳри 26 октябри 7,5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро ҳам такон додааст. Дар пойтахти Тоҷикистон иқтидори он 5-6 бал гуфта шуд. Ин заминларза инчунин Непал, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам ларзондааст.
Заминларзаи 5-6 баллӣ дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ аз худ боқӣ нагузошт ва танҳо дар вилояти Бадахшон хонаҳо хароб шудаанд.
Дар Ишкошим, ки аз маркази заминларза 65 километр дур ҷойгир аст, ду манзили истиқоматӣ комилан хароб шуда, боз 4 тои дигар қисман зарар дидаанд. Инчунин бинои як мактаб ҳам осеб дидааст.
Дар ноҳияи Роштқалъа, ки тобистони соли равон сел омада буд, ду хона қисман хароб шуда, 3 тои дигар дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.