Шумори қурбониёни заминларзаи 27 октябр ба 360 нафар расид

© Sputnik / Евгений Пахомов / Гузариш ба медиабонкДармонгоҳи саҳроӣ дар Покистон
Дармонгоҳи саҳроӣ дар Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои ахир, шумори қурбониёни заминларза дар Покистон ба 275 ва дар Афғонистон ба 90 нафар расида, бархе аз сокинони Ҳиндустон ҳам дар натиҷаи ин зилзила ҷон додаанд.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Шумори қурбониёни заминларза дар Покистон ба 275 ва дар Афғонистон ба 90 нафар расидааст, — хабар медиҳад, РИА Новости бо истинод ба нашрияи покистонии Nation ва хабаргузории Пажвок.

Қаблан шумори қурбониён дар Покистон 228 ва дар Афғонистон 63 нафар гуфта мешуд. Инчунин наздик ба 2 ҳазор покистонӣ захм бардоштаанд.

Нахуствазири Покистон Навоз Шариф сафари худ ба Бритониёро маҳдуд карда, барои шахсан таҳти назорат қарор додани амалиётҳои наҷотдиҳӣ ва кӯмак ба осебдидагон ба Ватан баргаштааст.

Симои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Зилзилашиносони тоҷик: иқтидори заминларза 6-7 бал буд

Шумори қурбониёни ин ҳодиса дар Афғонистон ба 90 нафар расидааст. Тавре мақомоти маҳаллии ин кишвар мегӯянд, бештар аз ҳама сокинони Бадахшон, Тахор, Кунар ва шаҳри Кобули Афғонистон зарар дидаанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи Times of India хабар додааст, ки дар Ҳиндустон бар асари заминларза чаҳор кас ҷон додааст. Аксари ҳалокшудагон дар шаҳри Сринагар зиндагӣ мекардаанд. Сокинони иёлатҳои Химачал-Прадеш, Уттаракханд ва Ҷамму Кашмир ҳам осеб дидаанд.

Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон заминларзаи зуҳри 26 октябри 7,5 баллиро ба қайд гирифтаанд, ки соати тақрибан 14:09 бо вақти Душанбе Тоҷикистонро ҳам такон додааст. Дар пойтахти Тоҷикистон иқтидори он 5-6 бал гуфта шуд. Ин заминларза инчунин Непал, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам ларзондааст.

Лентаи хабарҳо
0