ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Соати 8:31-и субҳи 20-уми май ба вақти Душанбе дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбии сахт ба қайд гирифта шуд, иттилоъ медиҳад идораи зилзилашиносии Кумитаи илм ва Вазорати маорифи Қазоқистон.
Ба навиштаи манбаъ, ларзиши замин 5,5 балро ташкил дода, маркази заминларза дар шарқи Тоҷикистон дар масофаи 28 км дур аз шаҳри Роғун ва 120 км аз Душанбе сабт шудааст. Такони замин дар Душанбе ҳам эҳсос мешуд.
Дар ҳамин ҳол Хадамоти геофизикии назди Академияи илмҳои кишвар иттилоъ медиҳад, ки маркази зилзила дар километри 120-уми қисмати шимолу шарқии Душанбе дар ноҳияи Рашт воқеъ буда, тибқи маълумотҳои пешакӣ қувваи он 5-6 баллро ташкил дод. Дар Душанбе қувваи зилзила ба 2-3 балл расид.
Дар мавриди хисороти ҷониву молӣ ҳанӯз иттилоъе руйи даст нест.