БМТ қурби долларро раҳо кард. Аз имрӯз

© SputnikБинои Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора дастури вижаи раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол шудааст.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шуруъ аз имрӯз, ташкилотҳои қарзӣ худашон қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ дар бозорҳои кишварро муайян месозанд, омадааст дар иттилоъияи Бонки миллии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, ин тасмим бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши доллари нақд ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан гирифта шудааст.

Бонки милли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМТ қурби расмии доллари амрикоиро боло мебарад

Манбаъ афзудааст, ки дар ин бора дастури вижаи раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ ирсол шудааст.

"Тибқи ин дастур, ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ бояд қурби харид ва фурӯши доллари ИМА-ро мустақилона, бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар ва амалӣ намоянд", меафзояд, манбаъ.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз менамояд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: "Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд".

Эълони Бонки Миллӣ дар ҳолест, ки то ҳол қурби долларро дар бозори нақди кишвар ин ниҳод муайян мекард ва расман қурби 1 доллар дар Душанбе 6,56-6,58 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо амалан ба ивази 6,80 сомонӣ харида ва бо нархи 6,85 сомонӣ фурӯхта мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0