ДУШАНБЕ, 12 октября — Sputnik. Қурби расмии доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон (БМТ) аз аввали моҳи равон то ҳол 2,3% боло рафта, баландравии ҳаррӯзаи он 0,3% арзёбӣ мешавад.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, қурби расмии як доллари амрикоӣ то имрӯз, 12 октябр баробар ба 6,52 аст. Дар ҳоле ки моҳи қабл он 6, 37 сомонӣ арзиш дошт.
Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи августи соли равон ба ин сӯ, қурби бозории асъори хориҷиро тағйир намедиҳад. Дар ҳоле ки саррофиҳои Душанбе ба ин нигоҳ накарда, як доллари амрикоиро бар ивази 6,80 харидорӣ ва бо арзиши 6,85 сомонӣ мефурӯшанд.
Ин ниҳоди пулии кишвар дар сомонаи худ дар мавриди зарурати вуҷуди асъори расмию бозорӣ назарсанҷиеро баргузор кард ва дар пайи натоиҷи он БМТ тасмим дорад, низоми ягонаи асъорро ҷорӣ намояд. Дар ҳоли ҳозир ин низом мавриди баррасӣ ва омӯзиши коршиносони бонк қарор дорад.
Қурби расмии асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон аслан барои санадҳои муҳосиботии ниҳодҳои давлатии кишвар истифода шуда, ҳангоми харид ё фурӯши пули нақд аз он кор гирифта намешавад.
Аз аввали соли равон то ҳол арзиши расмии доллар дар баробари сомонӣ 23% ва қурби бозории он 24% боло рафтааст. Қурби бозории асъор одатан дар Тоҷикистон то 10% аз арзиши расмӣ болотар аст.