Охирин маҳбуси фирории СИЗО-50 дар Бишкек кушта шуд

© Пресс-служба ГКНБ КыргызстанаАвтомат дар макони амалиёти вижа
Автомат дар макони амалиёти вижа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олтинбой Итибоев охирин маҳбуси фирорӣ аз СИЗО-50 дар шаби 11 ба 12 октябр аст. Боқӣ ҳама боздошт ё кушта шудаанд.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Хадамоти махсуси Қирғизистон барои боздошти охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи СИЗО-50 дар маҳаллаи "Достук" амалиёти вижаеро баргузор кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар.

Амалиёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Отамбоев хост, фирориёни СИЗО-50 ҳар чи зудтар боздошт шаванд

Ин ҷинояткори хатарнок ба яке аз хонаҳо ворид шуда, муқовимати мусаллаҳона нишон додааст. Аммо дар пайи даргириҳои се соатӣ нобуд карда шуд. Дар пайи ин муқовамати мусаллаҳона як корманди "СОБР" аз ноҳияи сар тир хурда, ба ҳалокат расидааст. Инчунин корманди дигари ин гуруҳ ҳам кушта шудааст.

Қаблан хабар дода буданд, ки дар пайи ин даргириҳо як мард, сокини маҳаллӣ ҳам кушта шудааст. Аммо баъдан мақомоти пулис гуфтанд, инчунин дар ҳодисаи мазкур як зани дигар ҳам тир хурда, ҷон додааст.

Шаби 11 ба 12 октябри соли равон аз СИЗО-50-и Қирғизистон 9 маҳбус, ки 7 тани онҳо барои як умр равонаи зиндон шуда буданд, муҳофизони зиндонро ба қатл расонида, фирор карданд.

Ҷустуҷӯи маҳбусини фирорӣ дар бозори “Дордой”

Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон имкон шуд, 5 тани онҳоро дар минтақаи сарҳадии ин кишвар ва Қазоқистон сари вақт боздошт кунанд ва ду нафари дигар тайи ҳафтаи гузашта дар пайи нишон додани муқовиматҳои мусаллаҳона кушта шуда, дуи дигар ҳам ахиран дастгир гардиданд.

Олтинбой Итибоев охирин маҳбуси фирорӣ аз СИЗО-50 буд.

Ба корманди кушташудаи дастаи "СОБР"-и ВКД-и Қирғизистон Толобек Исмаилов шояд ҷоизаи "Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон" дода шавад.

Лентаи хабарҳо
0