ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Кормандони милиса шаби гузашта атрофи бозори мавсум ба "Дордой"-ро иҳота карда, ҳоло ҷустуҷӯи маҳбусини фирорӣ дар маҳаллаи "Энесай" ва навоҳии наздики он идома дорад, иброз доштанд аснои сӯҳбат бо Spunikи Қирғизистон масъулини ВКД.
Ба иттилои мақомоти умури дохила нисфи шаб хабар расид, ки ҷойи эҳтимолии паноҳ бурдани фирориён маълум шудааст. Аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки бозори "Дордой" ва гирду атрофи он иҳота карда шавад. Ҳоло ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ дар маҳаллаи "Энисай" ва сохтмонҳои навбунёди он идома дорад.
Бори нахуст иттилоъ дар бораи макони эҳтимолии будубоши фирориён рӯзи чаҳоршанбе паҳн шуда буд. Аммо ҷустуҷӯи мақомот дар Боғи ботаникии пойтахт бенатиҷа анҷом ёфт.
Шаби душанбе ҳафтаи равон аз СИЗО-50-и Қирғизистон 9 маҳбус, ки 7 тани онҳо барои як умр равонаи зиндон шуда буданд, муҳофизони зиндонро ба қатл расонида, фирор карданд.
Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон имкон шудааст, 5 тани онҳоро дар минтақаи сарҳадии ин кишвар ва Қазоқистон боздошт кунанд ва чаҳор нафари дигар ҳоло дар озодӣ мебошанд.
Дар робита ба ин нахуствазири Қирғизистон дастур додааст, тамоми иншооти стартегии ин кишвар таҳти назорати шадид қарор дода шавад. Вазорати умури дохила аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ҷустуҷӯ ва боздошти фирориён кӯмак намоянд. КДАМ-и Қирғизистон барои онҳое, ки макони пинҳоншавии фирориёнро мегӯянд, дар ҳаҷми 300 ҳазор сом мукофот ваъда кардааст.