ВКХ-и Русия: марги Умар бо диққат таҳқиқ мешавад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНамояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳқиқи омилҳои марги тифли як хонаводаи Тоҷикистон ва санҷишҳои дахлдор ҳар чи зудтар ва ошкору бо диққат гузаронида хоҳад шуд, гуфтааст, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова.

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар шарҳи марги тифли навзоди хонаводаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ваъда додааст, ки таҳқиқи ин ҳодиса ба таври ошкорову бодиққат анҷом дода мешавад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Адмиралтейскийи Санкт-Петербург ду шаҳрванди кишварро ҳамроҳ бо кӯдаки 5-моҳа боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд. Ба иттилои мақомоти тоҷик, дар шуъбаи пулис модарро аз фарзанд ҷудо кардаанд. Баъд аз содир шудани қарори хуруҷи ин зани тоҷик аз қаламрави Русия ӯ барои гирифтани фарзанди худ ба шуъбаи пулис меояд, ки кормандони шуъба ба ӯ намегӯянд, фарзанди ширхорааш дар куҷо аст. Танҳо субҳи 14 октябр маълум мешавад, ки тифл фавтидааст.

Бахши навбатдорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пулиси Санкт-Петербург: дар марги Умари 5-моҳа гунаҳкор нестем

"Инҷо сухан дар бораи омилҳои марг дар натиҷаи беэҳтиётӣ ва иҷро нашудани вазифаҳои касбӣ ба таври матлуб меравад. Раванд ва натоиҷи ин ҳодиса таҳти назорати додситонии шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад. Инчунин фаъолияти кормандони худро Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти федеролии муҳоҷират ва Вазорати тандурустии Русия бо диққат назорат мекунанд", — гуфтааст, Захарова дар суҳбат бо хабарнигорон.

"Дар навбати худ ба Шумо гуфтаниам, ки мо пайваста бо тамоми ниҳодҳои ҷалбшуда ба таҳқиқи ин ҳодиса дар тамосем ва ба Шумо ваъда медиҳам, ки ин тафтишот ва санҷишҳои дахлдор ҳар чи зудтар ба таври ошкорову бодиққат анҷом дода мешавад", — афзудааст, ӯ.

Марги ин тифли тоҷик дар Русия бо вокуниши шадиди ҷомеа рӯбарӯ шуд. Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳам аз ВКД, ХФМ ва Вазорати тандурустии ин кишвар хостори таҳқиқи ин ҳодиса шудааст. Инчунин Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия Павел Астахов ҳам ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Лентаи хабарҳо
0