Пулиси Санкт-Петербург: дар марги Умари 5-моҳа гунаҳкор нестем

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкБахши навбатдорӣ. Акс аз бойгонӣ
Бахши навбатдорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург “нисбат ба ҳамаи кӯдакони дурмонда аз муроқибати модар аз равишҳои стандартӣ кор мегирад”.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Пулис қазияи ҷудо кардани муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик аз модар дар шаҳри Санкт-Петербургро ба таври комил таҳқиқ кард, — гуфт, раҳбари дафтари матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Санкт-Петербург Вячеслав Степченко шоми чаҳоршанбе.

"Тамоми наворҳои видеоӣ таҳқиқ шуда, ҳеч ҳаракате ҳам дида нашуд, ки боиси ҳалокати тифли 5-моҳа дар беморхона шуда бошад", — изҳор дошт, ӯ.

Тифли навзод. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафорат ҶТ: таҳқиқи омилҳои марги Умар таҳти назорат аст

Ба гуфтаи ӯ, модару кӯдак тавассути кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба Шӯъбаи пулис он шаб аз ноҳияи Адмиралтейский оварда шудаанд.

Баъдан кормандони хадамот барои идомаи расмиёти нақзи қавонини будубош дар қаламрави Русия модарро бо худ бурда, кӯдакро дар он ҷо зери муроқибати корманди пулиси марбут ба умури ноболиғон мегузоранд ва то омадани табибон ҳам дар дасти ӯ будааст.

"Кормандони пулис сари вақт ёрии таъҷилиро даъват мекунанд ва ин гуна равиши стандартӣ нисбат ба ҳамаи кӯдакони дурмонда аз модар риоя мешавад. Барои ин гуна ҳолатҳо ҳам дар шаҳр дармонгоҳи махсус бо номи "Тсимбалин" вуҷуд дорад ва кӯдак ҳам ба он ҷо интиқол дода мешавад. Албатта кӯдак на ба хотири бемор буданаш ба инҷо оварда мешавад, чун одатӣ ҳамешагӣ, яъне таҳти назорати доимии табибон қарор додани кӯдакон ин кор сурат мегирад", — шарҳ додааст, Степченко.

Астахов омилҳои марги Умар Назарови 5-моҳаро таҳқиқ мекунад

Ба гуфтаи ӯ, кормандони ёрии таъҷилӣ баъд аз 13-14 дақиқаи даъват ҳозир шудаанд. Пулис иддаъоро дар мавриди он ки ба наздикони кӯдак нагуфтаанд, ӯ дар куҷо қарор дорад, комилан рад мекунад.

"Тули ин вақт дар шуъбаи пулис модарбузурги кӯдак ҳам ҳузур доштааст ва ӣаъд аз интиқол додани Умар ба беморхона ба ӯ ҳам гуфта шудааст, ки ба куҷо фиристоданд. Умарро ба модарбузургаш надоданд, чун ӯ аз рӯи қонун ҳаққи гирифтани кӯдакро надошт", афзудааст, ӯ.
Инчунин сару садоҳо дар мавриди он ки модари кӯдак дубора ба шуъбаи пулис омада, гӯиё кормандони он аз гуфтани макони будубоши писараш худдорӣ кардаанд, ҳам ҳақиқати худро наёфтааст.

Маврид ба ёдоварист, 13-уми октябри соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани қавонини муҳоҷират ва нақзи қоидаи будубош дар Русия боздошт карда, тифли панҷмоҳаи онҳо Назаров Умаралиро, ки ба парасторӣ ниёз дошт, аз модар ҷудо карда, ба дигар ҷо интиқол медиҳанд.

Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусова ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.

Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0