Театри лӯхтаки Бишкек “Егорка- Фантазер”-ро ба Душанбе меорад

© Sputnik / Амир ИсаевБинои театри лӯхтаки Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои театри лӯхтаки Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба қавли масъулини Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши барномаи мазкур рӯзе чаҳор маротиба ба нақша гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бишкек намоишномаи кӯдаконаи "Егорка-Фантазер"-ро дар Душанбе ба намоиш мегузорад.

Тибқи иттилои масъули дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 25 октябр сафари кории Театри давлатии шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба номи М.Жанғозиев бо як барномаи ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе оғоз мегардад.

Кӯдакон намоишнома тамошо мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба Душанбе театри лӯхтаки “Равлик”-и Киев меояд

Намоишномаи театрии "Егорка- Фантазер" аз 26-уми октябр то 7-ум ноябри соли равон дар бинои Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе пешкаши тамошобинони хурдсол мегардад.

Ба қавли масъулини Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши барномаи мазкур рӯзе чаҳор маротиба ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ афзуд, намоиши барномаи театрии "Егорка — Фантазер" дар таҳияи коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи Қирғизистон Наталя Вишневская сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0