Ба Душанбе театри лӯхтаки “Равлик”-и Киев меояд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкКӯдакон намоишнома тамошо мекунанд. Акс аз бойгонӣ
Кӯдакон намоишнома тамошо мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини мудири театри лӯхтаки тоҷик хабар дод, ки сафари ҳунарии ҳамтоёни Киев аз ҳаштум то 22 апрел идома меёбад. Ҳунармандони Киев дар Душанбе намоишномаи “Бозиҳои хавфнок”-ро манзури тамошочиёни тоҷик мекунанд.

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Театри хусусии лӯхтаки "Равлик"-и Киев таҳти раҳбарии Юрий Титаров бо сафари ҳунарӣ ҳаштуми апрел ба Тоҷикистон меояд, менависад хабаргузории "Ховар".

Ба гуфтаи муовини мудири театри лӯхтаки тоҷик Наргис Розиқова, ҳунармандони Киев танҳо як намоишномаи "Бозиҳои хавфнок"-ро манзури тамошочиёни тоҷик мекунанд. Сафари ҳунарии театр то 22 апрел идома меёбад.

Театри хусусии лӯхтаки "Равлик" соли 1995 таъсис шудааст. Соли 1999 дар ҷашнворае дар шаҳри Прага ин театр барои таҳияи намоишнома аз рӯйи асари Владимир Орлов "Чӯҷаи заррин ё падари воқеъӣ" соҳиби ҷоиза "Барои беҳтарин намоишнома" ва ҷойгоҳи дуввум "Барои беҳтарин намоишномаи кӯдакона" шуд.

Лентаи хабарҳо
0