ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Таркидани як бомб дар шимоли Афғонистон мунҷар ба ҳалокати 5 сокини осоишта ва захмии 25 тани дигар шуд, — хабар медиҳад, Sputnik
Ин таркиш рӯзи душанбе дар шаҳри Андхуйи вилояти Форёби Афғонистон ба вуқуъ пайвастааст, менависад, хабаргузорӣ бо истинод ба раҳбари ин минтақа Султон Санҷар.
"Террористон маводи таркандаро дар чархи дастӣ насб карданд ва онро дохили бозори шаҳри Андхуй гузоштанду аз дур истода наздикиҳои соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ тарконданд, ки дар натиҷа 5 нафар кушта шуда, 25 тани дигар захм бардоштаанд", — мегӯяд, Санҷар.
Мақомоти маҳаллӣ масъулияти ин ҳамларо бардӯши ҷангиёни ҷунбиши террористии "Толибон" мегузоранд.
Моҳҳои ахир вазъ дар Афғонистон шиддат ёфтааст. Ҷунбиши ифротии "Толибон", ки манотиқи назарраси баъзе аз манотиқи ин кишварро дар даст дорад, рӯй ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон овардааст.
Ҷангиёни "Толибон" дар пайи як амалиёти ҳафтрӯзаи худ шаҳристони Гармачи вилояти Бодғис дар шимоли Афғонистонро тасарруф карданд. Сабаби ин, коҳиши теъдоди кормандони пулис арзёбӣ гардид.
Дар пайи ин ҳодиса ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, теъдоди кормандони пулис дар шимоли кишварро афзоиш диҳад. Ин кормандони иловагӣ ба манотиқи шимолии ин кишвар аз ҳисоби неруҳои марказӣ фиристода хоҳанд шуд, ки дар вилоятҳои Бадахшон, Қундуз ва Тахор амнияти сокинонро таъмин хоҳанд кард.
Вазъ дар шимоли Афғонистон охирҳои моҳи сентябр замоне шиддат ёфт, ки яке аз шаҳрҳои бузургтарини ин кишвар, шаҳри Қундуз, ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ҷониби садҳо ҷангии Толибон ба осонӣ тасарруф шуд. Шумори кормандони неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар шаҳр ва вилояти Қундуз то ба 10 ҳазор расидааст. Вале бо вуҷуди ин онҳо натавонистанд, сади роҳи садҳо ҷангии Толибон шаванд.
Дар ҳоли ҳозир амалиётҳои фаъоли ҷангии неруҳои Толибон дар 14 вилояти Афғонистон идома дорад.