Дар иртибот ба ин хабарнигори Sputnik бо Шафақ Сияҳпӯш, коршиноси масоили сиёсӣ ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандии Афғонистон, ки алъон дар Тоҷикистон ба сар мебарад сӯҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
-Чанд рӯзи қабл аз ҳамлаи "Толибон" ба шаҳри Қундуз волӣ ва раиси Шӯрои ин вилояти стратегии Афғонистон минтақаро тарк мекунанд. Чаро?
— Дар мавриди волии Қундуз ба андозаи кофӣ далоил вуҷуд дорад ва ҳатто раҳбарони шаҳру навоҳии ин вилоят дар Шӯрои миллии Афғонистон борҳо ҳушдор дода буданд, ки ин волӣ "рангу бӯй"-и "Толибон" дорад. Тавре шумо огаҳӣ доред, шоми дирӯз ҳам раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ иқрор кард, ки ба мо ин хабарро дода буданд, аммо мо беэътиноӣ кардем. Ин амали онҳо низ суолеро ба миён меорад, ки чаро беэътиноӣ карданд?
Аммо он чи мушаххас аст ва он чи аз иттифоқҳои шаҳри Қундуз бармеояд, ин аст, ки Қундуз дар як муомилаи бузург барои ҳузури ҷангиёни "Толибон" ва "Давлати исломӣ", ки хостгоҳи қавмӣ доранд, харидуфурӯш шуд. Зеро Ғарб ва Амрико мехоҳанд, барои фишор ба Русия дар шаҳри Қундуз як пойгоҳи террористӣ дошта бошанд. Яъне, амалан мо мефаҳмем, ки амрикоиҳо дар ҷавоб ба ҳаводиси ахири Сурия- ҳамлаҳои ҳавоии ҳавопаймоҳои ФР, Қундузро ба Русия пешниҳод карданд.
Ҳудуди ду соли пеш тақрибан 75-85 ҳазор кучӣ аз Покистон вориди қаламрави Афғонистон шуданду дар вилоятҳои шимолӣ мустақар гардиданд. Ҳеч нафаре аз ин кучиҳо дар ҷануби Афғонистон ҷойгир нашуданд.Аз ин тарҳ худи ҷаноби Карзай (Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон) ва мақомҳои баланди паштутабори давлати Афғонистон ҳам пуштибонӣ карда, онҳоро дар навоҳии шимолӣ, аз ҷумла вилояти Бадахшон, манотиқи назди сарҳадии Тоҷикистон, Қундуз, Бағлон Пули Хумрӣ ва Тахор ҷой доданд ва қабл аз Иди қурбон ҳам ҷангиёни Толибон миёни ин мардуми кучӣ бесарусадо бо силоҳҳои худ ҷойгир мешаванд ва дар як рӯзи бисёр мувофиқ, ки сокинони Қундуз як рӯз пеш аз ид дар телевизионҳо гуфтанд, онҳо бори аввал аст, идро дар фазои орому бидуни хунрезӣ таҷлил мекунанд, якуякбора аз хонаҳои худ дар даст парчамҳои "Давлати исломӣ"-ию такбиргӯиён ба кӯчаҳо мебароянд.
- Ба назари шумо ин ҷангиён ба чӣ теъдод ҳастанд?
— Тахминан нерӯҳои "Толибон" дар Қундуз ҳудуди 5 ҳазор нафар гуфта мешавад. Давлат зоҳиран эълон мекунад, ки дар Қундуз чаҳор фармондеҳи Покистон миёни мардум ҳузур доранду ба маъмурини мухобиротии "Толибон" дар тамос ҳастанд ва ба онҳо дастур медиҳанд, то охирин нафас биҷанганд. Дар Қундуз бар иловаи ин ки ҳоло ҷанги қавмӣ шуд, ҷанги минтақавӣ ҳам ҳаст. Афғонистон як кишвари муташаккил аз қавмҳои гуногун мебошад. Мо дар ҳамсоягии шумо бо "Толибон" ҷанг кардему бо кӯмаки неруҳои ҳавоии Амрико артиши заминии мо тавонист, ин ҳаракатро шикаст бидиҳад. Аммо ҳоло ба як марҳалае расидем, ки раиси ҷумҳурӣ, вазири дифоъ, вазири корҳои дохилӣ, раҳбари раёсати амният ва раиси Шӯрои амнияти миллӣ бо аъзои аслияш аз ҷангиён ҷонибдорӣ мекунанд.
- Шумо ҳоло дар бораи раёсати амният гуфтед, собиқ вазири амнияти Афғонистон ҷаноби оқои Амруллоҳ Солеҳ ду рӯз пеш дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, хиёнат аз ҷониби мақомҳои баланди давлатӣ ва волии Қундуз сурат гирифтааст. Оё ин ҳақиқат дорад?
— Воқеият ин аст, ки "Толибон" хостгоҳи қавмӣ доранд. Хостгоҳи қавмӣ боис мешавад, ки агар инҳо огаҳӣ ҳам дошта бошанд, аксуламал нишон намедиҳанд. Барои шумо метавонам, намунаҳои зиёд орам. Вақте "Толибон" зиндони Қандаҳорро мунфаҷир карданд, онро бо ҳамкории кӣ карданд? Чанд рӯз аз ҳаводиси Қундуз ба зиндони Ғазнӣ ҳам ҳамла шуду даҳҳо зиндонӣ, ё ба истилоҳ ҷангиёни тозанафас раҳо шуданд. Магар раёсати амният аз ин ҳама огаҳӣ надошт? Албатта, раёсати амният хабар дошту дорад. Ва барои шумо худи ҳозир мегӯям, ки неруҳои ҳукуматӣ ва муҷоҳидин дар ҷанганду мегӯянд, мехоҳем, хонаеро мавриди ҳамла қарор бидиҳанд. Аммо азбаски қумандони умумии амният пашту, ки ҳасту бо "Толибон" хешӣ дорад, намегузорад, ки онҳо он хонаро тирборон кунанд. Давлатиҳо ва "Толибон" ҳам бо ҳам махфӣ иртибот доранд.
Як намунааш, қатли устод Бурҳониддин Рабонӣ, роҳбари Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва раийсҷумҳури собиқи кишвар мебошад. Ҷаноби вазири дифоъи феъли оқои Истонакзай бо далелу санад муттаҳами аслӣ аст.
Волии пешини Балх Ато Муҳаммад Нур гуфта буд, ки агар ин нафар вазири дифоъ шавад мо овоз нахоҳем дод ва дар Маҷлис ҳам раъйи кофӣ ба даст наовард. Вале оқои Ашрафғанӣ ӯро сарпарасти вазорати дифоъ таъйин кард. Гузашта аз ин, ӯ салоҳияти вазорати дифоъро надорад, чун дар гузашта ҳеч вазифаи калидиеро бар уҳда надошт. Инҳо ҳама ниҳодҳои амниятӣ дар даст доранду аз ҳама чиз огаҳӣ доранд.
-Бо вуҷуди дар Тоҷикистон будан ҳам бо Қундуз тамос доред ва ҳамин ҳоло вазъ дар он минтақа чӣ гуна аст?
— Тайи се рӯзи ахир дар Қундуз ҷанг идома дошт ва як қисмати "Толибон" Қундузро ба қасди Бадахшон тарк карданд. Дирӯз минтақаи Тахор — Хоҷағорро, ки хеле минтақаи васеъ асту дар наздикии марзи Тоҷикистон аст, тасарруф карданд. Аз аввали шурӯъи ҷанг волии ин минтақа мегуфт, ки агар моро кӯмак накунанд, мо шикаст хоҳем хурд. Аҷоибии кор дар ин аст, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмад зери созишномаи амниятӣ бо Амрико имзо гузоштаанд. Вале панҷ-шаш рӯз мешавад, ҷанг идома дораду мардум садо доранд, ки кӯмак кунед, бо вуҷуди ҳузури неруҳову ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ инҳо кумак намекунанд.
Агар ин хел аст, пас ин созишнома барои чӣ ба имзо расидааст? Ва замоне, ки қаламрави Афғонистон ҳадафи бомбаҳои Покистон қарор мегирад, инҳо мегӯянд, ин масъалаи дохилии шумо аст ва ҳоло ҳам мегӯянд, ин масъала марбут ба умури дохилии шумост.
Толибон ҳоло ба чанд қисмат ҷудо шудаанд. Як бахши онҳо озими Пули Хумрӣ шуданд ва дар чанд минтақаи он ҳам ҳоло ҷанг идома дорад. Толеу барфакро дар Бағлон ва чанд минтақаи Пули Хумриро гирифтаанду самти Тахор ҳам рафтаанд. Яъне дар сар то сари минтақа паҳн шудаанд.Чаҳордараи Афғонистон чаҳор моҳ мешавад, дар дасти "Толибон" ҳаст.
- Оё имкони комилан бозпас гирифтани ин минтақа аз "Толибон" вуҷуд дорад?
— Дар ҳоли ҳозир ҷангиёни "Давлати исломӣ" ва бахши "Толибон" бо неруҳои тундрави минтақа якҷоя шуда, алайҳи ҳукумати Афғонистон муқовимат мекунанд. Ин як нақшае аст, ки амрикоиҳо барои ин қаламрав тарҳрезӣ кардаанд. Табиист, ки дер ва ё зуд онҳо шикаст мехӯранд ва хоҷагонашон низ ифшо хоҳанд шуд.