Душанбе, 8 окт — Sputnik. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон дар суҳбати 6 октябраш бо сафири Тоҷикистон дар шаҳри Кобул Шарофиддин Имом вазъ дар Қундузро баррасӣ кард, навиштааст, ҷаноби Абдуллоҳ дар саҳифаи фейсбуки худ.
Тибқи навиштаи доктор Абдуллоҳ Шарофиддин Имом дар суҳбат бо ӯ аз мустақар шудани гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҷангиёни Толибон дар шаҳри Қундузи Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон ибрози ташвиш кардааст.
Сафири Тоҷикистон инчунин дидгоҳҳои Душанбеи расмиро дар робита ба таҳавуллоти амниятии ахир дар шаҳри Кундуз ва шимоли Афғонистон дар миён гузошта, аз омодагии Тоҷикистон барои кӯмак ба Афғонистон хабар додааст ва таъкид намудааст, ки терроризм таҳдиди муштарак ба ҳар ду кишвар ва минтақа мебошад.
Раиси иҷроияи Афғонистон ҳам дар навбати худ аз ҳамкориҳои давлати Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои муштарак изҳори сипос карда, дипломати тоҷикро мутмаин кардааст, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон идораи шаҳри Кундузро ба даст гирифтаанд ва ба зудӣ Толибонро саркӯб мекунанд.
Ташвиши сафири Тоҷикистон дар Кобул аз вазъ дар вилояти Қундузи Афғонистон дар ҳолест, ки ҷангиёни Толинбон рӯзи 27 сентябр дар пайи як ҳамлаи густурдаи худ тавонистанд, маркази ин вилоят, шаҳри Қундузро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд.
Аммо субҳи 1 октябр хабаргузории хабаргузории "Khaama Press" аз қавли Сидиқ Сидиқӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар дод, ки неруҳои вижаи ин кишвар дубора шаҳри Қундузро аз дасти Толибон озод кардаанд. Сидиқӣ он замон гуфт, бо вуҷуди озод кардани шаҳри Қундуз ҳанӯз амалиётҳо барои озод кардани манотиқи гуногуни вилояти Қундуз идома дорад.
Дар пайи ин даргириҳо бинои консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз ҳам осеб дида, ҳоло муваққатан дарҳои ӯ баста шудааст. Дар шаҳри Қундуз консулгарии Тоҷикистон ягона намояндагии дипломатии хориҷӣ маҳсуб меёфт ва азсаргирии фаъолияти консулгариро масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо ба вазъи амниятӣ иртибот доданд.
Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад.