ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз 18 октябр расман маҳдудият ҷорӣ карда шуд, хабар медиҳад, ШСҲК "Барқи тоҷик".
Сухангӯи ин ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ ҷорӣ шудани ин маҳдудиятро ба яку якбора сард омадани ҳаво дар кишвар рабт медиҳад.
"Ҳоло обҳои захиравии обанбори Норак истифода мешавад ва ба хотири сарфаҷӯӣ маҷбур шудем, дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони деҳот маҳдудият ҷорӣ кунем", — гуфт, ҷаноби Ёдгорӣ.
Тибқи иттилои "Барқи тоҷик" ҳоло сокинони рустоҳои Тоҷикистон рӯзона аз соати 05:00 до 10:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то 22-00-и шаб нерӯи барқ хоҳанд дошт. Дар умум дар якшабонарӯз ба сокинони деҳот 10 соат нерӯи барқ дода мешавад.
Ба қавли сухангӯи "Барқи тоҷик", ин маҳдудият ба шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Душанбе дахл нахоҳад дош. Аммо сокинони пойтахт бо сард шудани ҳаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз набуди барқ шикоят доранд. Ба эҳтимоли зиёд, шабакаҳои фарсудаи барқии шаҳрӣ натавонистанд, бори истифодаи саросарии гамркунакҳои барқиро дар рӯзҳои аввали сармо таҳаммул кунанд.
Тибқи иттилои сомонаи "Барқнест,тҷ", ки барои таъмини шаффофияти нерӯи барқ ташкил шудааст, давоми якшабонарӯзи ахир бештар сокинони шаҳру навоҳи наздик ба пойтахти Тоҷикистон барқ надоштаанд.
Ин сомона нишон медиҳад, ки сокинони ноҳияи Ҳисор рӯзи 18 октябр дар умум 4,5 соат, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ 6 соат нерӯи барқ гирифтаанд. Аммо сокинони хушбахти ноҳияи Варзоб 24 соат барқ доштаанд.
Дар баъзе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳам рӯзи 18 октябр маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ пурзур шудааст. Сокинони Спитамен ва Ғончӣ мутаносибан 3,5-6,5 соат барқ гирифтаанд.
Ба сокинони баъзе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳам рӯзи гузашта нерӯи барқ кам интиқол ёфтааст. Рӯзи 18 октябр ба сокинони ноҳияи Қумсангир 6,5 соат ва ба сокинони ноҳияи Қубодиён 4,5 соат барқ дода шудааст. Дар ҳоле ки сокинони шаҳри Кӯлоб 24 соат нерӯи барқ гирифтаанд.
Дар давоми якшабонарӯзи ахир дар шаҳру навоҳии вилояти Бадахшони куҳӣ ба ҷузъ ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб тақрибан маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ эҳсос нашудааст. Сокинони Мурғоб рӯзи 18 октябр пурра бе барқ буда, ба сокинони ноҳияи Ванҷ танҳо 18 соат нерӯи барқ интиқол ёфтааст.
Тоҷикистон ҳамсола дар фасли сармо бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад. Барои таъмини пурраи аҳолии кишвар бо барқ дар фасли сармо тақрибан 2,5 миллиард киловат соат барқ лозим аст. Ин нишондод бештар аз ҳаҷми нерӯи барқи истеҳсол ва содиротшаванда аз Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯз, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май дар интиқоли нерӯи барқ ба саросари кишвар маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Танҳо дар баъзе аз шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумла Душанбе ва баъзе аз навоҳии Тоҷикистон, ки дорои неругоҳҳои хурди барқиянд, 24 соат нерӯи барқ дида мешавад.