“Сангтӯда-1” дар фасли сармо истеҳсоли барқро 1,5 баробар зиёд мекунад

Обуна шудан
Масъулини нерӯгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия аз тасмими худ барои афзоиши истеҳсоли неруи барқ дар фасли сармо хабар додаанд. Онҳо мегӯянд, бо ин ҳол ҳам, тамоми тавоноии неругоҳ ба кор нахоҳад даромад.

ДУШАНБЕ, 29 сентября — Sputnik. Неругоҳи барқӣ-обии "Сангтӯда-1" тасмим дорад, дар фасли сармо истеҳсоли нерӯи барқро азоиш диҳад, омадааст дар варақаи иттилоотии ин НБО.

Тибқи нақша бояд ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 3,5-4,5 миллион киловатт соат, ки дар фасли тобистон истеҳсол мешавад, то ба 6-7 миллион киловатт соат дар фасли сармо расонида шавад.

"Дар баҳои умумии нерӯгоҳ аз ҷониби намояндагии "Интер РАО" чизи манфие қайд нашудааст ва шароити муқаррарию иловагӣ ҳам барои гузаронидани фасли сармо иҷро шудааст", — меафзояд манбаъ.

Неругоҳи Сангтӯда-1 дар дарёи Вахш дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Сангтӯда-1” дубора бо тамоми неру ба кор даромад

Масъулини нерӯгоҳ мегӯянд, баҳои мазкур барои таъмини фаъолияти самараноку боэътимоди неругоҳ дар мависими сармо, ки устувории истеҳсоли нерӯи барқ аз он вобаста аст, зарур мебошад.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ширкати муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки дар моҳи феврали соли 2005 ба манзури анҷоми сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳ дар рӯдхонаи Вахш дар Тоҷикистон таъсис шуда буд.

Зарфияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" 670 МВт мебошад. Чархаи аввали нерӯгоҳ 20 январи соли 2008 фаъол шуда буд. Мавриди истифодаи комил қарор гирифтани ин нерӯгоҳ бо чаҳор чарха 31 июли соли 2009 сурат гирифт.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ҳудуди 15% куллияи тавлидоти нерӯи барқ дар Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Лентаи хабарҳо
0