Абдулоҳ Абдуллоҳ: агар Русия кӯмак кунад, истиқбол хоҳем кард

© AP / Rahmat GulАбдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон инчунин дар идома аз кӯмакҳои пешини Русия барои пулис ва артиши кишвараш ҳам ёдоварӣ кардааст.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон доктор Абдуллҳо Абдуллоҳ гуфтааст, Кобул аз кӯмаки Маскав дар мубориза бо терроризм истиқбол хоҳад кард, менависад хабаргузории Khaama Press.

Ҷангиёни Толибон дар ҷодаҳои Қундуз. 28 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Доктор Абдуллоҳ ба саркӯбшавии Толибон дар Қундуз бовар дорад

Тибқи иттилои манбаъ, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон зимни нишасти хабарие рӯзи якшанбе дар шаҳри Кобул дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин бора ибрози назар кардааст.

"Агар Русия бихоҳад, Афғонистонро дар мубориза бо терроризм кӯмак кунад, ҳукумати ваҳдати миллӣ аз он истиқбол хоҳад кард",- изҳор доштааст, доктор Абдуллоҳ.

Раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон инчунин дар идома аз кӯмакҳои пешини Русия барои пулис ва артиши кишвараш ҳам ёдоварӣ кардааст.

СПАД: ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон хатар ба Душанбе ва Ашқобод дорад

Муовини сухангӯи раёсатҷумҳури Афғонистон Сайид Зафар Ҳошимӣ ҳам дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, Ашраф Ғанӣ Аҳмад, раисҷумҳури ин кишвар бо беш аз 8 раҳбари кишварҳои минтақа мулоқот ва дар бораи теҳдидҳои терроризм суҳбат кардааст.

Ҷаноби Ҳошимӣ гуфтааст, ҳукумати Афғонистон хостори ҳамкории кишварҳои минтақа мебошад, то тавонад, бо онҳо аз таҳдидҳои муштарак ҷилавгирӣ кунад.

Ин изҳороти доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ҳолест, ки қаблан мақомҳои баландпояи рус гуфтанд, агар Кобул аз Маскав дар мубориза бо терроризм кӯмаки ҳавоӣ бихоҳад, Владимир Путин, раисҷумҳур ва фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Русия ин масъаларо баррасӣ хоҳанд кард.

 

Лентаи хабарҳо
0