СПАД: ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистон хатар ба Душанбе ва Ашқобод дорад

© Sputnik / Виталий БелоусовҶаласаи Кумитаи низомии СПАД. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи Кумитаи низомии СПАД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иштирокдорони ҷаласаи муовинҳои котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД аз фаъол шудани созмони террористии маъруф ба ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Иштирокдорони ҷаласаи муовинҳои котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД, ки рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, бар ин боваранд, ки ҷангиёни гирдиҳамомадаи ДИИШ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва Туркманистон хатар доранд.

Александр Грушко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чанд ҳазор ҷангии ДИИШ аллакай вориди Афғонистон шудаанд

Ҷаласаи муовинҳои котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД бо иштироки сафири Эрон дар Русия ва намояндаи сафорати Чин дар Маскав баргузор гардид.

"Иштирокдорони ҷаласа таъкид карданд, ки манбаи аслии хатар ба кишварҳои узви СПАД Афғонистон мебошад", — навиштааст, дафтари матбуоти СПАД.

Таҳдидҳо аслӣ афзоиши қочоқи маводи мухаддири истеҳсолшаванда дар Афғонистон, фаъол шудани гуруҳҳои террористию ифротӣ дар қаламрави ин кишвар ва хатари ворид шудани онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама ба Тоҷикистон ва Туркманистон маҳсуб мешаванд.

Тамриноти муштараки неруҳои вокуниши сареъ (КСОР)-и СПАД Ҳамкорӣ-2015 - Sputnik Тоҷикистон
Затулин: кишварҳои дигар низ аз СПАД кӯмак хоҳанд пурсид

"Инчунин аз ворид шудани ҷангиёни ДИИШ ба хоки Афғонистон, ки шумори онҳо ҳоло аз 2 то 3 ҳазор арзёбӣ мешавад, нигаронӣ шуд", — афзудааст, манбаъ.

Аз ин рӯ, иштирокдорони ҷаласа бештар рӯи тавсеаи нигаришҳои муштараки кишварҳои узви СПАД, Эрон ва Чин бар зидди ДИИШ, аз ҷумла ошкор ва аз байн бурдани роҳу масирҳои ҷалб ва интиқолии шаҳрвандони ин кишварҳо ба ҷангҳои хориҷӣ тамаркуз кардаанд.

Ин нигарониҳо дар ҳолест, ки ахиран намояндаи доимии Русия дар НАТО Александр Грушко гуфта буд, ба қаламрави Афғонистон алакай 4 ҳазор ҷангии ДИИШ ворид шуда, шумори онҳо рӯз аз рӯз меафзояд. Ин дипломати аршади рус таъкид кард, ки неруҳои амнияти милии Афғонистон худ ба танҳоӣ дигар наметавонанд, ба мушкилоти ин кишвар расидагӣ намоянд, чун алакай ба қаламрави он 4 ҳазор ҷангии созмони террористии "Давлати исломӣ" ворид шуд.

Лентаи хабарҳо
0