Душанбе, 15 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Русия лоиҳаи қонунеро ба Думаи давлатӣ фиристод, ки маводҳои террористию экстремистӣ эълон шудани китобҳои Қуръон, Библия, Танах ва Канҷур ё баъзе иқтибосҳои онҳоро манъ мекунад.
Дар ёддошти тавзеҳии ин лоиҳа таъкид шудааст, ки Сарқонуни Русия ба ҳар кас озодии виҷдон, дин, аз ҷумла ҳуқуқи интихоби динеро, дар алоҳидагӣ ё якҷоя бо дигарон ва ё пайравӣ накардан аз ягон динро кафолат медиҳад.
"Китобҳои Қуръон, Библия, Танах ва Канҷур ё муҳтаво ва иқтибосҳои онҳо наметавонад, маводҳои террористию экстремистӣ эълон шавад", — омадааст, дар ин тарҳи қонун.
Консепсияи ин тарҳи қонун дар мувоифақа бо намояндагони созмонҳои динии марбути Русия таҳия шудааст.
Ин лоиҳаи қонун пешниҳодкардаи Путин аз сӯи палатаи поёнии парлумони Русия эҳтимол дорад, тирамоҳ имсол ба тасвиб бирасад. Раиси Кумитаи Дума дар умури иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ Ярослав Нилов мегӯяд, ин лоиҳа ба таври афзалиятнок баррасӣ хоҳад шуд.
Қаблан додраси Додгоҳи Южно-Сахалин бо дархости додситон китоби "Роз бо Худо: ҳукм ва ҷойи он дар Ислом"-ро маводи террористию экстремистӣ эълон карда буд. Далел баъзе аз оятҳои иқтибосшуда аз китоби Қуръон гуфта шуд. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров хост, ин гуна додрас ва додситон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.