Раҳмон зимни шодбоши фарорасии моҳи Рамазон аз Қуръон иқтибос овард

© Sputnik / Амир ИсаевЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни шодбошии сокинони кишвар бо фарорасии моҳи Рамазон тавассути шабакаҳои телевизионӣ раҳбари кишвар аз бархе аз муқаррароти Қуръон дар мавриди рафтори мусалмонон дар ин моҳ ва навҳаи рӯзадорӣ ёдовар шуд.

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути шабакаҳои телевизионӣ мусалмонони кишварро бо фарорасии моҳи Рамазон шодбош гуфт, хабар медиҳад маркази матбуотии раҳбари кишвар.

"Рамазон моҳи ибодату накӯкорист, қабули дуоҳо ва хайр буда инсонро ба тоқат, накӯӣ, ҳиммат, қаноат умедворӣ даъват карда дарҳои хайри Оллоҳро боз мекунад, эътиқодро тақвият дода рӯҳи инсонро пок месозад", — омадааст дар матни шодбошӣ.

Эмомалӣ Раҳмон аз бархе муқаррароти Қуръон дар мавриди навҳаи рӯзадории мусалмонов ёдовар шуда ба мавориде таъкид кард, ки ин китоби муқаддас дар рӯзадорӣ сабукиҳоеро раво дидааст.

"Шӯрои уламо метавонад фатвои вижаеро содир кунад, ки барои беморон ва куҳансолон, коргарону деҳқонон, ки ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд, дар рӯзадорӣ сабукиҳоеро пешбинӣ кунад", — изҳор дошт раиси ҷумҳур.

Раҳбари кишвар ҳамчунин аз сокинони ҷумҳурӣ даъват кард, ки ба масоили хайр бештар таваҷҷӯҳ карда, ба ниёзмандон, ятимон ва маълулон кӯмак кунанду ба накӯкорӣ машғул шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати муқобала бо таҳдидҳои ҷадид, аз ҷумла терроризм, тундгароӣ ва таъкид кард. Вай аз мардум ба ҳушёрӣ даъват карда аз бузургсолон хост, ки ба ҷавонон машварат диҳанд, ки ба таблиғоти ба ном гурӯҳҳои исломӣ дода нашаванд.

Раҳбари кишвар масоили иқтисодиро низ сарфи назар накард ва ёдовар шуд, ки боло бурдани қимматҳо дар моҳи шариф гуноҳи кабира мебошад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки тоҷирони кишвар ба хотири дарёфти суд аз ин амр худдорӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0