Дастнавис сураҳои аз 18 то 20-умр дар бар мегирад. Матни дарёфтшуда миёни дигар китобҳои китобхона ҳудуди як аср маҳфуз будааст. Пораҳои "Қуръон" дар пӯсти буз ва ё гӯсфанд ҳаккокӣ шудаанд. Муҳаққиқи донишгоҳ Алба Федели қарор кард, ки барои муайян кардани синну соли дастхатҳо ташхиси радиоуглеродӣ анҷом диҳад. Бино ба натиҷаи муқаддимотии таҳқиқу ташхис, соли иншо шудани он байни солҳои 568 ва 645 (бо 95%-и дурустӣ) тахмин карда мешавад.
Олимон саҳифаҳои "Қуръон"-и қадимтарин дар ҷаҳонро ба намоиш гузоштанд
10:02 23.07.2015 (Навсозишуда: 10:03 23.07.2015)
Video Player is loading.
Олимон саҳифаҳои "Қуръон"-и қадимтарин дар ҷаҳонро ба намоиш гузоштанд
0:55
© RUPTLY
Обуна шудан
Дар китобхонаи донишгоҳи Бирмингем ду саҳифа аз дастнависи китоби муқаддаси "Қуръон"-ро пайдо карданд, ки ба қавли олимон таърихи қариб 1370 соларо доранд.Тафсилоти бештарро дар ин бора аз навор бубинед.