Чанд ҳазор ҷангии ДИИШ аллакай вориди Афғонистон шудаанд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкАлександр Грушко. Акс аз бойгонӣ
Александр Грушко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои намояндаи доимии Русия дар НАТО Александр Грушко дар Афғонистон алакай 4 ҳазор ҷангии ДИИШ ҳузур дошта, шумори онҳо рӯз аз рӯз меафзояд.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Неруҳои амнияти милии Афғонистон худ ба танҳо дигар наметавонанд, ба мушкилоти ин кишвар расидагӣ намоянд, чун алакай ба қаламрави он 4 ҳазор ҷангии созмони террористии "Давлати исломӣ" ва маъруф ба ДИИШ ворид шудааст, — мегӯяд, намояндаи доимии Русия дар НАТО Александр Грушко

"Дили ҳама дигар аз Қундуз хунук шудааст ва инро дар намояндагии НАТО ҳам пинҳон намекунанд. Ин шаҳр аз сӯи шумори кофии ҷангиён тасарруф шудааст ва неруҳои амниятии Афғонистон низ дар вазъияти бисёр бад қарор доранд. Маълум аст, дигар онҳо бидуни дахолати хориҷӣ наметавонанд, коре кунанд", — навиштааст, Грушко дар саҳифаи Твиттери худ.

Сияҳпӯш: ҷанг дар Қундуз кори дасти Амрикост

Ба гуфтаи ин дипломати баландпояи рус, иқдомҳои аз ҳад зиёд сареи неруҳои байналмилалӣ барои ба эътидол овардани вазъ боиси бад шудани авзои амниятӣ шудааст.

"Мо ҳоло на танҳо шоҳиди пурзур шудани ҷунбиши Толибонем, балки чизе ки ҳоло мояи нигаронӣ шудааст, ин ворид шудани ҷангиёни ДИИШ ба қаламрави Афғонистон мебошад. Тибқи иттилои мо ҳоло дар хоки Афғонистон тахминан 4 ҳазор ҷангии ДИИШ ҳузур дорад ва шумори онҳо ҳам рӯз то рӯз меафзояд", — илова кардааст, Грушко

Бояд гуфт, ҳафтаи дуюм аст, ки амалиёти неруҳои байналмилалӣ ва амнияти миллии Афғонистон барои озод кардани шаҳри Қундуз аз ҷангиёни Толибон идома дорад.

Коршиносон бар ин боваранд, ки бо тасарруфи вилояти Қундузи Афғонистон террористҳо сарфи назар аз ин ки ҷангиёни Толибон ё ДИИШ ё ал-Қоида мебошанд, пойгоҳи стратегии хуберо барои густариши худ соҳиб мешаванд. Яъне, онҳо дигар на танҳо ба минтақаи ҷанубию шарқии Афғонистон, балки ба кишварҳои дигари  ҳамсоя, аз қабили Узбакистону Тоҷикистон ҳам имкони роҳ ёфтан доранд. Аз сӯи дигар, тасарруфи Қундуз ба онҳо имкон медиҳад, ки лагерҳои омӯзишии худро дар он таъсис бидиҳанд.

© SputnikҶанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст
Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷанг барои Қундуз: то Тоҷикистон километрҳои ба шумор мондааст
Лентаи хабарҳо
0