Ҳамлаи неруҳои амниятии Афғонистон ба пойгоҳи Толибон

© AP / Rahmat GulСарбозони афғон. Акс аз бойгонӣ
Сарбозони афғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳристони Чаҳордара аз сӯи ҷангиёни Толибон чанд моҳи пеш тасарруф шуда буд. Онҳо ин минтақаи Афғонистонро ба як пойгоҳи худ табдил дода буданд, ки дар он силоҳ ва лавозимоти ҷангии хешро нигоҳ медоштанд.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Амалиёти мушатарки мақомоти қудратии Афғонистон барои озод кардани шаҳристони Чаҳордараи вилояти Қундуз аз дасти ҷангиёни ҷунбиши Толибон оғоз гардидааст, менависанд, расонаҳои хабарӣ.

Шаҳристони Чаҳордара аз сӯи ҷангиёни Толибон чанд моҳи пеш тасарруф шуда буд. Онҳо ин минтақаи Афғонистонро ба як пойгоҳи худ табдил дода буданд, ки дар он силоҳ ва лавозимоти ҷангии хешро нигоҳ медоштанд. Тибқи иттилои неруҳои амнияти миллии Афғонистон, гӯиё Толибон дар шаҳристони Чаҳордара урдуҳҳои омӯзишии худро ҳам таъсис додааст.

Сияҳпӯш: ҷанг дар Қундуз кори дасти Амрикост

Аз нигоҳи ҳарбӣ, ин минтақа барои Толибон хусусияти стратегӣ дорад ва тамоми амалиётҳои низомии ин ҷунбиш дар Чаҳордара тарҳрезӣ шуда, ба шаҳри Қундуз ҳам ҷангиёни Толибон аз ҷониби он ҳамла кардаанд.

Ба гуфтаи намояндаи неруҳои миллии Афғонистон, ҳоло амалиёти озод кардани Чаҳордара мустақиман идома дошта, пешравиҳо ҳам дар ин бобат вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, иттилои ақибнишинии ҷангиёни Толибон аз Қундуз ба вилоятҳои ҳамсоя ҳам расонаӣ шудааст. Неруҳои ҳукуматӣ онҳоро таъқиб карда, аз вурудашон ба шаҳристонҳои ҳамсояи Қундуз ҷилавгирӣ менамоянд.

Ҷангиёни Толибон дар ҷодаҳои Қундуз. 28 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Доктор Абдуллоҳ ба саркӯбшавии Толибон дар Қундуз бовар дорад

Ин дар ҳолест ки ҷунбиши Толибон ақибнишинии ҷангиёни худ аз Қундузро ба хотири гурез аз ҳалокати сокинони осоишта медонад. Сухангӯи ин ҷунбиш гуфтааст, ҷангиёни Толибон бо озод кардани садҳо ҳаммаслаки худу соҳибии як миқдор аслиҳаву техникаҳои ҳарбӣ ба ҳадафашон расидаанд.

Волии вақти Қундуз Ҳамдуллоҳ Донишӣ мегӯяд, дар ин ивлояти Афғонистон дубора дари бозору мағозаҳо боз гардида, мардум ба зиндагии муқаррарии хеш баргаштаанд. Неруҳои амниятӣ ҳанӯз ҳам ҷангиёнро ҷустуҷӯ доранд.

Ҷангиёни Толинбон рӯзи 27 сентябр дар пайи як ҳамлаи густурдаи худ тавонистанд, маркази ин вилоят, шаҳри Қундузро таҳти тасарруфи худ қарор диҳанд. Аммо баъд аз се рӯз амалиёти вижаи неруҳои қудратии Афғонистон бюарои бозпас гирифтани Қундуз шуруъ гардида, дар ҳоли ҳозир ба иддаои мақомоти афғон, вилояти Қундуз пурра дар ихтиёри давлат даромадааст.

 

 

Лентаи хабарҳо
0