ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керрӣ тағйири низоми таҳримҳо алайҳи Русияро дар сурати риоя шудани талаботи тавофуқномаи Минск аз эҳтимол дур намедонад.
"Ман фикр мекунем, дар моҳҳои наздик мутмаин хоҳем шуд, ки талаботи тавофуқномаи Минск иҷро мешавад ё не. Яъне баъд аз ҷаласаи ахири гуруҳҳо дар Порис оё низоми оташбас ва берун бурдани техникаҳои вазнини ҳарбӣ риоя мешавад. Пас дар ниҳоят мавқеъ дар робита ба таҳримҳо иваз хоҳад шуд", — гуфтааст, Керрӣ дар суҳбат бо омӯзгорон ва донишомӯзони Ҳарвард рӯзи сешанбе.
Вазири корҳои хориҷии ИМА изҳор доштааст, кишвараш барои тағйири мавқеи Русия дар робита ба Украина талош дорад ва дар моҳҳои наздик собит хоҳад кард, ки аз уҳдаи ин кор баромад ё не.
Мақомоти Украина моҳи апрели соли гузашта амалиётҳои низомии худ алайҳи ҷудоихоҳони вилоятҳои Луганск ва Донбассро оғоз кард. Тибқи иттилои ахири СММ дар натиҷаи ин даргириҳо беш аз 8 ҳазор нафар ҷон додааст.
Масъалаи ба танзим даровардани вазъ дар Донбасс дар ҳоли баррасӣ мебошад. Аз ҷумла дар ҷараёни вохурии гуруҳҳои тамос дар шаҳи Минск, ки аз моҳи сентбри соли гузашта то кунун се санади танзимкунандаи қадамҳои аввалин барои анҷоми даргириҳоро имзо кардааст, мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор дорад.
Аз 1 сентябри соли равон дар Донбасс созиши наве ба амал даромад, ки ҳар ду ҷониб ва нозирон мутмаинанд, ки талаботи он рияо хоҳад шуд. Охирҳои моҳи сентябр созишномае дар мавриди берун бурдани техникаҳои вазнини ҳарбӣ ба имзо расид.
Дар музокироти 12 феврал дар бораи оташбас, канор бурдани таслиҳоти сангин, ворид сохтани тағйирот ба Қонуни асосии Украина дар мавриди ғайримарказонии қудрат ва ҳамчунин дар бораи таъйиди мақоми вижаи "навоҳии ҷудогонаи вилоёти Донетск ва Луганск" тавофуқ шуда буд.