Гуфтушуниди Минск: тавофуқ дар мавриди хурӯҷи таслиҳот ба даст наомад

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкРоҳбарони ҶМД Денис Пушилинва ҶМЛ Владислав Дейнего. Акс аз бойгонӣ
Роҳбарони ҶМД Денис Пушилинва ҶМЛ Владислав Дейнего. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфтушуниди сеҷонибаи гурӯҳи тамос оид ба Донбас бе натиҷа анҷом ёфт, ҷонибҳо дар мавриди масъалаи асосӣ: хурӯҷи аслиҳа ва таслиҳоти вазнин аз ҷабаҳот созиш ба даст наоварданд.

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Гурӯҳи тамоси сеҷониба оид ба танзими авзоъ дар Украина дар мавриди қафо бурдани таслиҳоти қутрашон на камтар аз 100 мм ба тавофуқ нарасиданд, иброз дошт намояндаи САҲА дар гурӯҳ Мартин Сайдик.

Ягона дастоварди марҳалаи навбатии гуфтушунид ҳузури сарвари САҲА Ивитса Дачич ба ҳайси роҳбари нишаст буду бас.

Қаблан иттилоъе нашр шуда буд, ки тибқи он ҷангиён аз хатти ҷабҳа таслиҳоти вазнинро ба таври якҷониба берун мекашанд, аммо низомиёни украинӣ аз онҳо пайравӣ накарданд.

Гуфтушуниди сеҷониба дар ҳоле баргузор шуд, ки раҳбари созмони миллатгарои "Самти рост" Дмитрий Ярош иброз дошт, ки равандҳои инқилобӣ дар Украина ба сурати зарурӣ анҷом наёфтааст ва қасд дорад аз вечеи имрӯза барои раҳбурди дурусти мардум истифода кунад.

Лентаи хабарҳо
0