Тағйирот ба қонун: синни ниҳоии хидмати низомиён боло бурда мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевКормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Синни ниҳоии хидмат барои хидматчиёни низомӣ барои 5 сол боло бурда мешавад. Далел ва сабабҳои онро хабарнигори Sputnik дар суҳбат бо худи хидматчиён муайян кард.

Зиёда(номи мустаор) вақте ҳар субҳ мехезад, саволи ин ки имрӯз ӯ бояд чӣ ба бар кунад, азияташ намедиҳад. Чун либоси кории ӯ ягона —  низомӣ аст. Ӯ дорои собиқаи кории 18-сола дар ин соҳа, ки марбути ҳифзи Ватан аст, мебошад.

Ҳамсуҳбати мо ягона нафари оила нест, ки дар соҳаи низомӣ кор мекунад.  Ҳамсари ӯ ҳам, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расидааст,  25 сол дақиқтараш муҳлате, ки ҳоло мақомот мехоҳанд, хидматчиён баъд аз он ба нафақа бароянд, дар мақомоти қудратии кишвар кор кардааст.

Ҳисоби пул - Sputnik Тоҷикистон
Дар интизори муъҷиза: маошу нафақа ва идрорпулӣ баланд нахоҳад шуд

"Бояд роҳро ба рӯи ғайриҳирфаиҳо бубандем…"

Ин навъи нафақа барои шаҳрвадоне дода мешавад, ки дар мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, додситонӣ ва додгоҳӣ кор кардаанд. Дар ҳоли ҳозир афроде метавонанд, аз он баҳравар шаванд, ки собиқаи кории 20-сола дар ниҳодҳои мазкурро доранд.

Ҳоло Вазорати молияи Тоҷикистон бо ирсоли лоиҳаи нави қонун "Дар бораи хидматчиёни ҳарбӣ" ба парлумон хостори баланд бурдани синни ниҳоии хидмат аз 20 ба 25 сол шудааст.

— Дар ин иқдом чизи баде дида намешаваду як кори муқаррарӣ аст, мегӯяд, коршинос ва полковники мустаъфӣ Маҳдӣ Собир. Ба қавли ӯ, дар пайи пошхурии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба мақомоти қудратии кишвар омӯзгору табиб ва муҳандис барои кор меомаданд.

Ҷузвдон - Sputnik Тоҷикистон
Дастур барои гусели беш аз 100 мансабдори давлатӣ ба нафақа

— Он замон шумори низомиён хеле кам буд ва артишро ҳам онҳо ташкил доданд. Баъд аз адои вазифаи 10-сола, ки он вақт синни ниҳоии хидмат 10 сол буд, ба нафақа гусел карда мешуданд ва бо гузашти замон ҳам теъдоди ин гуна шахсон кам мешавад. Вале ҳоло мақомот бо боло бурдани синни ниҳоии хидмат мехоҳанд, дарро ба рӯи афроди ғайриҳирфаӣ дар оянда бибанданд. Яъне, аз ин ба баъд шахсоне роҳ меёбанд, ки воқеан ҳам мехоҳанд, умри худро ба ин касб бибахшанд.

"Синни нафақаро ҳам бояд боло бурд"

Саодат Амиршоева, собиқ вакил ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон ба умури тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мегӯяд, синни ниҳоии хидмат на ба 25, балки то 27 бояд боло бурда шавад.

— Ин ба боқӣ мондани кадрҳои ҳирфаӣ дар сохторҳои қудратӣ иҷоза медиҳад. Аз тарафи дигар шахс ҳар қадаре зиёд кор кунад, ҳамон қадар таҷрибаи бой хоҳад дошт, ки метавонад, онро ба кадрҳои ҷавон бидиҳад, мегӯяд, хонум Амиршоева. Ин ҳамсуҳбати мо бар ин аст, ки синни нафақа дар мақомоти судӣ ва мақомоти қудратии кишвар бояд боло бурда шавад. "Дар доираи як курси омӯзишӣ мо дар Амрико будем, ки дар онҷо синни нафақа барои кормандони мақомоти додгоҳӣ якумрӣ буд", — афзуд ӯ.

Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ 38 кормандашро ба нафақа фиристодааст

Боло бурдани синни ниҳоии хидмат фикр накунам, ба ҳайати хидматчиёни низомӣ таъсире расонад ва ҳар нафаре ҳам, ки воқеан мехоҳад, дар ин соҳа кор кунад, бо ин шарту шароит ҳам кор хоҳад кард.

"Марбути Ватнам ҳастам!"

Зиёда — яке аз шахсиятҳое мебошад, ки адои хидмат дар мақомоти қудратии кишварро огоҳона интихоб кардааст.

— Ҳарчанд адои хидмат дар ин соҳа мушкил аст, вале ман намехоҳам, аз он канор равам. Шахси низомӣ дигар марбути худ нест, ӯ ба Ватанаш марбут мебошад. Ҳизб гуфт, лозим аст, комсомол ҳам ҷавоб дод, бошад!,- илова кард, ӯ.

Ба муносибати ӯ ба хидмат дар соҳаи низомӣ ҳатто натавонист, марги ҳамсараш таъсир расонад ва ҳамсуҳбати мо ҳам бар ин бовар аст, ки боло бурдани синни ниҳоии хидмат кори дуруст мебошад.

Лентаи хабарҳо
0