"Гуфтанд ҳоло давлат пул надорад. Хуб, ки гуфтанд нест, нест…"
Зоя Алексеенко мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон баланд шудани ҳаҷми нафақапулиро интизор буд. Ин пиразани 70-солаи бехонаву дар, ки 200 сомонӣ нафақапулӣ мегирад, ҳадди ақал бо ин маблағ дар шарту шароити Душанбе метавонад, давоми як ҳафта зиндагии хоксоронае кунад.
Мо бо ӯ нисфирӯзӣ дар кучаи марказии шаҳри Душанбе рӯбарӯ шудем.
— Барои харидани ғизо каме маблағ кумакам кун, хурок хурдан мехоҳам, — ба ман муроҷиат кард ӯ.
Бо дароз кардани як сомонӣ ҳисси кунҷковиям ғолиб омаду дар бораи ҳолу аҳвол, шароити зиндагӣ, фарзанд доштану надоштани ӯву ҳаҷми нафақааш пурсидам.
Суҳбати мо ҳам идома ёфт.
— Маблағҳои ман бештар дар хариди дору масраф мешаванд, яъне ҳар моҳ бар ивази наздик ба 50 сомонӣ дору мехарам. Чашмҳо дигар он чашмҳои қаблӣ нестанду гӯшҳо ҳам қариб намешунаванд ва зуд-зуд сармо мехурам. Хайрият маро Танка дар хонаи худ ҷой дод, ва гар на дар ин синни пирӣ куҷо ҳам мерафтам?
Замоне ин пиразани ҳамсуҳбати мо хонаи худро фурӯхтаву кишварро ба қасди зиндагӣ дар Русия тарк кардааст. Аммо бо сабабҳои шахсӣ дубора ба Душанбе, ба хонаи духтараш баргаштааст. Аммо духтараш ӯро ба хонаи худ роҳ надодааст ва пиразан маҷбур шудааст, дар куча зиндагӣ кунад.
Ҳамин тавр ӯ дар хонаи шиноси деринаи худ ҷойгир мешавад.
Ин пиразан, ки солҳои дароз дар комбинати нассоҷии шаҳри Душанбе кор кардааст, ҳоло аз нафақапулии худ розӣ мебошад. Ҳангоми шунидани хабари боло рафтани ҳаҷми нафақапулӣ хеле хурсанд ҳам шудааст.
Ман фикр кардам, аз ин ба баъд 300 сомонӣ нафақапулӣ мегирам. Ҳоло моҳи сентябр ҳам ба поён расиду касе аз боло рафтани ҳаҷми нафақа чизе намегӯяд. Гуфтанд, дар давлат дар ҳоли ҳозир пул нест. Хуб, ки нест, нест. Мегӯянд, буҳроне пеш омадааст, аммо боз намедонам- илова кард ҳамсуҳбати мо.
Бибии Зоя фарзанд дорад. Аммо беш аз 20 сол аст, ки дар бораи макони будубоши писараш чизе нашунидааст дар мавриди духтараш бошад хеле ғамангез суҳбат мекунед:
— Ман барои ӯ аслан арзиш надораму ҳатто ба хонааш ҳам роҳ надод ва маҷбур шудам, ба ин тариқ зиндагӣ кунам.
Бо идрорпулӣ чи гуна метавон зиндагӣ кард?
Ҳамасола моҳи сентябр шумори зиёди донишҷӯён аз тамоми шаҳру навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ барои таҳсил ба шаҳри Душанбе меоянд. Тавони молии баъзе аз хонаводаҳои онҳо имкон медиҳад, ки ҳуҷраеро ба иҷора бигиранд ва аз бархеи дигар на. Ҳаққи иҷораи як манзил дар Душанбе аз 100 то 300 ва баъзан то 400 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Албатта ин маблағи каму беше нест, аз ин рӯ, бархе аз донишҷӯён маҷбур мешаванд, хобгоҳ ё хонаи хешони худро барои зиндагӣ интихоб кунанд.
Тавре падару модарони мо қисса мекарданд, ҳаҷми идрорпулии даврони шӯравӣ имкон медод, ки донишҷӯ ҳадди ақал як моҳ зиндагии хоксоронае дошта бошад.
Он замон ба мисли ҳозир ҳам донишҷӯёни аълохон идропулии хуқб мегирифтанд. Бо ин гуна донишҷӯён мо дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе ҳамсуҳбат шудем.
Ҳанифа Шокирова соли 2009 аз шаҳри Норак ба Душанбе аз тариқи квота омадааст. Ҳоло ӯ муҳассили курси 6-уми Донишгоҳи тиббӣ мебошаду аз зиндагии худ дар хобгоҳ розӣ аст: "Инҷо ҳам тоза асту ҳам мо духтарон дар иҷрои вазифавҳо ба якдигар кумак мекунем. Хуроки нисфрӯзию шом омода мекунем ва ошхонаи умумӣ ҳам дорем", афзуд ӯ.
Дар бораи идрорпулии ӯ пурсидем.
Ҳамсуҳбати мо хеле бо чеҳраи хандону розӣ изҳор дошт, ки донишҷӯёни ба мисли ӯ аълохон идрорпулии хубе дар ҳаҷми 160 сомонӣ мегиранд.
Албатта донишҷӯёни ба мисли мо аълохон идропулии хуб мегиранд. Аммо бидуни кумаку дастгирии моли волидайн дар инҷо зиндагӣ кардан ғайриимкон аст.
Ӯ ба ҳисоби миёна дар як моҳ 700 сомонӣ, муодили 100 доллари амрикоӣ хароҷот дорад, ки ба он маблағи ғизову роҳона, дафтару қалам ва баъзан китобу либос ворид мешавад. Бар иловаи ин, онҳо аз беморхонаҳои Душанбе, ки дар онҷо ҳамчун ҳамшира кор ҳам мекунанд, ҳақмузде ҳам хоҳанд гирифт.
Таъхир дар баланд шудани ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ дар ҳолест, ки талошҳо барои фаҳмидани далели аслии он аз Вазорати молия бенатиҷа буданд. Танҳо тахмин кардан мумкин аст, ки омили аслии таъхир дар иҷрои ин қарор набуди маблағ дар буҷаи давлат мебошад. Зеро имсол нақшаи буҷа 20% кам иҷро шудааст.