Дастур барои гусели беш аз 100 мансабдори давлатӣ ба нафақа

© Sputnik / Сергей ГунеевҶузвдон
Ҷузвдон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон аз идораҳои давлатӣ тақозо кардаанд, то 118 мансабдори ба синни бознишастагӣ расидаро ба нафақа гусел кунанд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раёсати  хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз сохторҳои давлатӣ хостааст, 118 мансабдореро, ки вазифаҳои раҳбарикунандаро бар дӯш доранд, аммо синнашон ба нафақа расидааст, аз кор озод кунанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Амонулло Ҳукуматулло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тафтиши асноди нафақаи 18 ҳазор сомонии Амонулло Ҳукуматулло оғоз шуд

Юсуф Бӯриев, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии раёсати хидмати давлатӣ 24-уми феврал ба радио гуфтааст, зимни ин нома тақозо мешавад, то дар зудтарин фурсат занҳои раҳбар, ки синнашон ба 57 ва мардони синнашон ба 63 расидаро ба нафақа фиристанд ва дар иваз ҷавононро ба кор бигиранд. 

"Ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ занҳо аз сини 57 ва мардон аз сини 63 бояд ба нафақа бираванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ танҳо аз як то ду сол имкони дароз кардани мӯҳлати дар вазифаи роҳбарикунанда мондан ҳаст", — гуфтааст Бӯриев.

Бӯриев илова кардааст, ки бар асоси ин тақозо аллакай 36 нафар пурра бознишаста шуда, 82 нафари дигар то пайдо шудани кадрҳои ҷавон дар вазифаҳояшон боқӣ мондаанд.

Гусели иҷборӣ ба нафақа дар Тоҷикистон ду сол пеш, замоне шурӯъ шуд, ки  ҳукумат барои ҷавон кардани сафҳои худ ва роҳ кушодан ба кадрҳои ҷавон иқдом кард. Он замон ба дунболи як мактуби дастгоҳи президент садҳо нафар аз раҳбарон дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар соҳаҳо иҷборан бознишаста шуданд.

Асъори сомонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раиси парлумон гуфт, нафақаи маъюбӣ боло бурда шавад

Чанд соли ахир ба нафақа гусел кардани кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон ба анъана табдил ёфтааст ва инро сокинон бештар бо номи "маъракаи ҷомапӯшонӣ" ёд мекунанд.

Ҷамъи мардуми бознишаста дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Нафақаи миёна дар Тоҷикистон беш аз 200 сомониро ташкил медиҳад ва солона барои таъмини нафақаи бознишастагон аз буҷаи давлати Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ, ё қариб 300 миллион доллар сарф мешавад.

Лентаи хабарҳо
0