Гурӯҳе аз генералу адмиралҳои ИМА вориди Тоҷикистон шуданд

© SputnikНамои бинои Сафорати ИМА дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Намои бинои Сафорати ИМА дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз ин давраи омӯзишӣ шинос шудан бо зарфияти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштараку омехта мебошад/

Душанбе, 9 окт — Sputnik. Як гурӯҳ аз генералу адмиралҳои ИМА, ки аъзои барномаи "КЭПСТОУН" мебошанд, барои таҷрибаомӯзӣ ба Тоҷикистон омадаанд, иттилоъ доданд ба Sputnik аз Сафорати Амрико дар Душанбе.

Ба қавли манбаъ, дар Тоҷикистон давраи таҷрибаомӯзии низомиёни ИМА чаҳор рӯз тӯл кашида, то 12 октябр идома меёбад.

Таҷрибаомӯзӣ дар доираи барномаи "КЭПСТОУН" амалӣ мешавад, ки дар ин давра бо намояндагони воломақоми вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа, корҳои дохилӣ, ҳамчунин бо масъулини Горди миллии Тоҷикистон дидор хоҳанд кард.

Парчами ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафорати ИМА: Кормандони ВКД ва АНМН давраи омӯзиширо хатм карданд

Дар асоси ин барнома низомиёни баландпояи амрикоӣ барои шиносӣ бо маводу давраҳои забономӯзии ҷавонони тоҷик ба "Гӯшаи амрикоӣ" дар шаҳри Душанбе мераванд.

"Ҳадаф аз ин давраи омӯзишӣ шинос шудан бо зарфияти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштараку омехта мебошад",- илова мекунад сарчашмаи хабар.

Ҳамзамон, иштирокчиёни барномаи "КЭПСТОУН" барои шинос шудан ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон аз осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе ва қалъаи Ҳисор низ дидан мекунанд.

Барномаи "КЭПСТОУН" барои ҳамаи генералу адмиралҳои навтаъиншуда соли 1982 таъсис ёфтааст

Лентаи хабарҳо
0