Донишҷӯи тоҷик: “Бародарони мусалмон” ба Ҳусайнӣ хона тӯҳфа кардаанд

© Официальный сайт ПИВТСайидумар Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз номи донишҷӯи тоҷик Муҳаммадазиз Саидназаров , ки алъон муҳассили Донишгоҳи Ал-Аҳзари Қоҳира аст, хабаре ба нашр расид, ки тибқи ин нома “гӯйё” созмони дар Тоҷикистон террористӣ эътирофшудаи “Бародарони мусалмон” ба муовини аввали раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ дар маркази пойтахти Миср хонаи се ҳуҷрадор тақдим кардааст.

Душанбе, 9 окт — Sputnik. Ташкилоти мисрии "Бародарони мусалмон" (Ихвон-ал-муслимин)-и Миср, ки дар Тоҷикистон ҳамчун созмони ифротгароӣ эътироф шудааст, дар соли 2010 ба муовини аввали боздоштшудаи раиси ҲНИТ Сайидумар Ҳусайнӣ хонаи се ҳуҷрадор дар Қоҳира тақдим кардааст, менависад АМИТ "Ховар" бо такя ба номаи донишҷӯи тоҷик Муҳаммадазиз Саидназаров.

Дафтари марказии ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ҲНИТ созмони террористӣ эълом шуд

"Ман ҳамчун як толибилми азҳарӣ бисёр шунида будам, ки шайхони араб мунтазам ба роҳбарон ва аъзои ҲНИТ "кумакҳои бародарона" мерасонанд, аммо шоҳиди чунин ҳодиса нагардида будам. Вале ҳодисае, ки соли 2010 рух дод, мо донишҷӯёни тоҷикро ба ҳайрат гузошт, моҳи майи соли 2010 Саидумар Ҳусайнӣ муовини аввали ҲНИТ бо ҳамроҳии ҳамсараш Давлатова Сафармо ба Ҷумҳурии Миср сафар намуда, барои ба сар бурдани фарзандонашон Абдулло Умарӣ ва Ҳисайнов Тоҳир хонаи истиқоматии се ҳуҷрадор дар маҳалаи 7-ум, кучаи Ҳофиз Бадавӣ, иморати 21 хонаи 4, шаҳраки Насри Коҳира ба маблағи хеле гарон харидорӣ намуданд",- қайд мешавад дар номаи донишҷӯ, ки онро оҷонсии расмии Тоҷикистон нашр кардааст.

Ин донишҷӯ меафзояд, муовини аввали ҲНИТ дар суҳбат бо мо таъкид намуд, ки хонаи харидааш тақрибан 50 000 (панҷоҳ ҳазор) доллари амрикоӣ буда, барои таҳсили фарзадонаш дар Миср харидорӣ шудааст.

Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ

"Ҳамчунин писари ӯ Ҳисайнов Тоҳир дар назди мо борҳо таъкид намуд, ки хонаҳои дар Миср ва Туркия буда, умуман ба маблағҳои махсуси ҳизб дахл надорад. Ҳ.Тоҳир муътақид аст, ки он маблағҳо аз ҷониби "бародарони мусалмон" "тақдим" гардидааст",- қайд мешавад дар мактуби ӯ.

Дар интиҳои ин хабар навишта шудааст, ки ба  қавли Т. Ҳисайнов, падараш С. Ҳусайнӣ мақсад доштааст, ки санаи 16 сентябри соли 2015, аз тариқи хатсайри Душанбе-Алмаато-Қоҳира вориди Миср гардида, дар шаҳри Қоҳира дар хонаи мазкур паноҳ барад, ӯро ҳамон рӯз ҳангоми фирор, аз дохили ҳавопаймо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир намуданд.

Донишгоҳи Ал-Аҳзари Миср аз маъруфтарин донишгоҳҳои исломии дунё маҳсуб гардида, дар маркази Қоҳира ҷойгир аст.

 

Лентаи хабарҳо
0