Қарори Додгоҳи олӣ дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ

© Sputnik / Амир ИсаевДодгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кул Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар кишварҳои пасошӯравиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълон намуд.

Sputnik матни комили ин қарори Додгоҳи олиро пешкаши Шумо мекунад, ки дар Оҷонсии "Ховар" нашр шудааст.

"Имрўз аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералиро дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) — террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рўзномаи «Наҷот», бастани вебсайти интернетии хизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муайян карда шуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  4-уми декабри соли 1991  ташкил шудааст.

Солҳои 1992 — 1997 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003  он ҳамчун ҳизби сиёсӣ, аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе, кӯчаи Борбад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: аз таъсис то имрӯз

Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Чунончӣ, Раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати иттиҳоди террористии "Ҷамъияти Ансоруллоҳ" таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси "Алии Бедакӣ" ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси "Мулло Абдулло" соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ҳангоми ба иттиҳоди террористии  мазкур дастрас намудани моддаҳои кимиёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу 6 моҳ маҳкум гардидааст.

Роҳбари шўъбаи вилоятии ҲНИТ дар ВМКБ Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев Шерик  бошанд, моҳи июли соли 2012 дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он сурат гирифт, иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок  нишон додаанд.

Аъзои фаъоли ҲНИТ дар шаҳри Исфара Шарипов Мукаррамхўҷа, Шарипов Муссаямхўҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии "Ҳизби исломии Туркистон" Қаюмов Абдуфаттоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарўз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва бо ҷойи хоб ва хўрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳоди ҷиноятӣ шомил шуданд.

Санаи 11-уми августи соли ҷорӣ бошад 5 аъзои ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Абдуллоев Ҷ. барои барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ дар купруки деҳаи Чашма-1-и шаҳри Норак парчами ташкилоти террористию экстремистии "Давлати исломӣ"-ро овехтанд. Дар ин амалҳои ғайриқонунӣ Манонов Қурбон — роҳбари ҲНИТ дар бахши шаҳри Норак низ алоқаи бевосита доштааст.

Чунин парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳолати афрохтани парчами "ДИИШ" дар ноҳияи Шаҳритуз низ мавриди тафтишот қарор дорад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигаp аъзоёни Раёсати Олии ин ҳизб аз соли 2010 то инҷониб тавассути рўзномаи  "Наҷот" ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқро дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва Ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ монда истодаанд.

Генеральная прокуратура РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулл: Назарзода бо дастури Кабирӣ амал мекард

Бо мақсади бо роҳи зўроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати Олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерўҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.

Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ  аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурўдгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ "Баҳористон", Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.

Ҳангоми кофтуков аз утоқҳои кории бинои марказии ҲНИТ зиёда аз 30 адад варақаҳои ҳизб, ки хусусияти даъвати оммавиро дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ доро мебошад, бо сарлавҳаи "Бародарони аҳли Наҳзат! Ва умуман ҳамаи он касоне, ки ҷонибдору ҳаводори Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон хастед!!!", дарёфт карда шуд. Мувофиқи матни варақаи мазкур, Раёсати олии ҲНИТ дар даъвати хеш  аз ҷумла баён доштанд: "Сабур бошеду мунтазир! Он рўз дур нест, ки офтоби наҳзати мо пардаи абри тирагуни зулмотро медараду шўълаҳои ҷонбахши худододаш бар тани мардуми Тоҷикистон нерўи тоза мебахшад. Бародарони ҷонфидои мо ҳама тадбирҳоро меандешанд. Се-чаҳор рўзи дигар монд. Танҳо омода бошед. Ҳамин ки шурўъ шуд, бо мо бипайвандед. Дар майдони корзор, ҳар олоту силоҳе доред бо худ бигиред. Ин хунхоронро дар хуни худашон оғушта месозем. Ҳам низомӣ дорему ҳам мулкию ҳам сиёсатмадорҳо. Дунёи ислом моро пуштибонӣ мекунад. ИНШООЛЛОҲ пирўзӣ бо мост! Бо мо биёед! Режими золимонаю бединро аз решу бунаш меканем. Соати пирўзӣ фаро мерасад. Бо ҲНИТ бошед".

Дар ин варақаҳо фаъолияти ҳокимияти имрўза, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун режими "золимонаю бедин" муаррифӣ гардида, шаҳодати онанд, ки ҲНИТ хилофи сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатдорӣ, ноором сохтани вазъи сиёсиву амнияти кишвар буда, мақсади сарнагун сохтани сохти конститутсионии давлати имрўзаро дорад.  

Бо ин мақсад, шаби 03 ба 04 сентябри соли 2015 номбурдагон тибқи нақшаи амалҳои ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин задаанд.

Аз ҷумла, Назарзода А.М. бо сўиистифода аз мақоми хизматии муовини вазири мудофиа, ҳамчун яке аз сарварони иттиҳоди ҷиноятӣ, дар  якҷоягӣ  бо гуруҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, иборат аз 12 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони ғайринизомӣ навбатдории нуқтаи назорати гузаргоҳи Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615-ро беяроқ гардонида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17615 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ, тасарруф намудаанд.

Акси Абдуҳалим Назарзода дар сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Акс аз экрани роёна - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи парвандаи “хиёнат” алайҳи Назарзода ва Умаров

Ҳаракатҳои ҷиноятии худро идома дода, Назарзода А.М. ва ҳаммаслакони ў, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, генерал-майор Саидзода Бобоҷон ва командири қисми ҳарбии № 08050 —ро дар Вазорати мудофиа ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудаанд.

Дар фосилаи зикршуда, зиёда аз 150 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ бо супориш ва роҳбарии бевоситаи Назарзода А.М. дар маҳалли пешакӣ муайяншудаи собиқ "Хлебзавод", воқеъ дар  ш.Душанбе, кўчаи А.Дониш 55, ки ба Назарзода А.М., тааллуқ дорад ҷамъ омада, ғайриқонунӣ бо силоҳҳои оташфишони автомати Калашников, пулемёт, гранатомёт, милтиқи мергании оташфишонӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, номбурда бо дигар аъзоёни гурўҳи ҷиноятии худ, бо суиистифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади ғайриқонунӣ мусаллаҳ гардонидани боқимонда аъзоёни иттиҳоди ҷиноятӣ, ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон рафта, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 180 автомати Калашников, 9 гранатомёт, 5 милтиқи снайперии Драгунов (СВД) ва 8 пулемёти дастии Калашниковро тасарруф намудаанд.

Минбаъд, Назарзода А.М. ва дигар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки баҳри таъмини амнияти давлат ва шаҳрвандон дар ҳолати  иҷрои вазифаҳои хизматии худ қарор доштанд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рўдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд.

Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари  дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ  бардоштанд.

Ғайр аз ин, дар сомонаҳои расмии ҲНИТ хабарҳои иғвогарона паҳн карда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудаанд".

Лентаи хабарҳо
0