ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Додгоҳи олии ҶТ рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард, инчунин нашри ҳафтаномаи "Наҷот"- органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ мутаваққиф шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар".
Ба навиштаи манбаъ, мунташир намудани наворҳои савтӣ ва видеоӣ, рӯзнома ва адабиёт ва варақҳои ҳизб низ аз ин ба баъд ғайримумкин аст.
Дар баёнияи Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки онро рӯзи 29 сентябр хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон- АМИТ "Ховар" пахш кард, аъзои ин ҳизб ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона, муттаҳам мешаванд.
Дар баёния аз ҷумла омадааст, аъзои ҲНИТ дар ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ, муттаҳам шудаанд. Иттиҳоме, ки раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамвора онро радд карда ва таъкид менамуданд, ки мехоҳад дар раванди сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Қонуни асосии кишвар фаъолият намояд.
Бо такя ба қарори Додгоҳи олӣ хабаргузории "Ховар" менависад, гӯйё Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва аъзои дигари раёсти олии ин ҳизб аз соли 2010 ба ин тараф тавассути нашрияи "Наҷот" ва васоити дигари ахбори омма мунтазам хабару мақолаҳои барангезандаи кинаву адоват ва низоми диниву миллиро нашр карданд.
Дар идомаи баёнияи мазкур қайд мешавад, ки бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият, ҳамчунин бо зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои Раёсати олии ҳизби номбурда бо собиқ муовини вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гуруҳҳои ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро тибқи нақшаи тарҳрезишуда, ки аз утоқҳои кории муовинони Раиси ҲНИТ Ҳисайнов Умаралӣ ва Ҳайитов Маҳмадалӣ ёфта гирифта шудаанд, вазифадор (муваззаф) кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.
Тибқи нақша мебоист, ки як гуруҳи 40 нафараи мусаллаҳ аз ду тарафи бинои Қасри Миллат, як гуруҳи 25 нафара ба бинои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, як гуруҳи 30 нафара аз се тарафи бинои ВКД, як гуруҳи 25 нафара аз се тарафи бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, як гуруҳи 40 нафара ба Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва дигар гуруҳҳои ҷинояткорӣ ба биноҳои Вазорати мудофиа, Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Кумитаи телевизион ва радио, Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, ТВ "Баҳористон", Раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳонаро анҷом медоданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳамкории аъзои ҲНИТ бо созмонҳои ифротгароии террористӣ назири Ҳизби исломии Туркистон ва бардоштани парчами созмони террористии "Давлати исломӣ" дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритус низ, таъкид кардааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо иддаои доштани 45 ҳазор аъзо дувумин ҳизби бузурги кишвар баъд аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба шумор мерафт ва баъд аз имзои созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳодияи мухолифони пешин дар соли 1997, расман фаъолияташро дубора оғоз бахшида буд. Додгоҳ дар оғози ҷанги шаҳрвандии 1992-97, низ фаъолияти ин ҳизбро мамӯъ карда буд.
Зимнан, раҳбарияти ҲНИТ тамоми ин иттиҳомотро рад ва ин ҳамаро баҳонаи баста шудани ҳизб арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷ кишвар ба сар мебарад ва 13 аъзои Раёсати олии ҲНИТ бо иттиҳоми даст доштан дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи генерал Назарзода дастгир гардидаанд.
Куллияи матолиби марбут ба қазияи ҲНИТ-ро аз ин ҷо дастрас карда метавонед>>