ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Барномаи Пентагон барои омӯзиш ва таъмини мухолифони Сурия бо силоҳ "кӯмаки ғайричашмдошт" ба террористҳо хоҳад шуд, гуфтааст, сенатори амрикоӣ Крис Мерфи дар суҳбат бо Sputnik
"Нигаронии ман аз он аст, ки натиҷаи ин ҳама кӯмаки ғайричашмдошт ва мусоидат ба гуруҳҳои террористӣ, аз ҷумла ал-Қоида хоҳад шуд", навиштааст, хабаргузорӣ аз қавли сенатори амрикоӣ. Ӯ ибрози тассуф кардааст, ки нигарониҳояш ба ҳақиқат пайвастанд.
Хабаргузорӣ менависад, тибқи иттилои ВАО, ҷангиёни неруҳои мухолифини Сурия, ки Амрико онҳоро тамрини низомӣ додааст, ба саффи гуруҳҳои марбут ба "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат ун Нусра" пайвастаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, Пентагон барои тамрини низомии неруҳои мухолифини Сурия 42 миллион доллари амрикоӣ сарф кардааст. Наздик ба 7 ҳазор довталаб тибқи стандартҳои Амрико тамрини низомӣ мебинанд. Амрико қаблан гуфта буд, ки ҳамасола дар пойгоҳҳои Туркия, Қатар, Урдун ва Арабистони Саудӣ то 5 ҳазор довталабро тамрини низомӣ медиҳад.
Қаблан ҳам расонаҳо хабар дода буданд, ки як гуруҳи 50-нафарии мухолифини сурӣ, ки аз сӯи мақомоти Амрико тамрини низомӣ дида буданд, моҳи июли соли равон тавассути неруҳои бахши "ал-Қоида" дар Сурия пароканда шуданд.
Моҳи сентябр Пентагон ҳам иқрор кард, ки барномаи 500-миллион доларии онҳо барои омӯзиш ва тамрини низомии 500 ҳазор ҷангҷӯ, натиҷае дод, ки ҳамагӣ 5 ё 4 нафари таҳсилгирифта дар доираи он ба таври воқеӣ дар Сурия меҷангад.
Баъд аз ин ИМА аз интиқоли 70 ҷангии дигар ба қаламрави Сурия хабар дод, ки "неруҳои нави сурӣ" ном бурда мешуд. Бархе аз сенаторҳои амрикоӣ ҳам Пентагонро барои барномаҳои ғайриқаноатбахш иҷрошудааш зери тозиёнаи танқид қарор доданд.