Озодӣ: сокини Ёвон мехост ба Сурия бираваду ба исломгароён бипайвандад

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкДаргирии низомӣ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ
Даргирии низомӣ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати Юсуф Ҳакимзода, ки ба иттилоҳи таҳқиқот қасд дошт ба ҷанги Сурия биравад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо рӯшан нест, ки тибқи кадом модда қонуни ҷиноӣ парванда боз шудааст, зеро қонун барои ҷурми содирнашуда ҷазоро пешбинӣ накардааст.

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Сокини ҷавони Ёвон Юсуф Ҳакимзода тибқи нишондоди шиносаш боздошт шудааст, ки гуфтааст мехоҳад ба ҷанги Сурия биравад, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба ниҳодҳои амниятӣ.

Ҳакимзодаи 25 сола дар авоили моҳи август аз сӯйи маъмурони Раёсати мубориза бо ҷароими муташаккили Хатлон боздошт шудааст. Ӯро баъд аз баёноти шиносаш, ки қаблан бо ӯ дар яке аз зиндонҳои Русия қарор дошт, боздошт кардаанд.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Озодӣ: дар марзи Туркия бо Сурия имсол 6 атбоъи тоҷик боздошт шудаанд

Ин нафарро дар авоили моҳ ниҳодҳои амниятии Туркия дар марз бо Сурия боздошт кардаанд. Вай иқрор шудааст, ки мехостааст барои ҷиҳод ба назди исломгароён биравад. Ба гуфтаи вай, боз ду нафар, ки дар миёни онҳо Юсуф Ҳакимзода низ ном гирифта шудааст, бояд ба ӯ ҳамроҳ мешуданд.

Нисбати ин ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо рӯшан нест, ки парванда тибқи кадом модда боз шудааст, зеро қонун барои қасди ҷинояти содирнашуда ҷазоеро пешбинӣ намекунад, зикр мекунад Озодӣ.

Дар гузашта Ҳакимзода дар Русия барои муноқишае зиндонӣ шуда дар моҳи январ озод ва ба ватан баргаштааст.

Вай аз таҳсил дар коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа даст кашида барои пайдо кардани ҷойи кор ба Русия рафтааст.

Ин нахустини хабар дар бораи сокини Ёвон аст, ки қасди сафар ба ҷанги Сурияро дошт. Дар ин ноҳия сару садоҳо дар бораи теъдоди бузурги ҷавононе, ки барои ҷанг дар суфуфи террористон рафтаанд, аз муддатҳо қабл вирди забонҳост.

Аҳолии ноҳияи Ёвон ҳудуди 180 ҳазор нафар аст. Ҷавонони корҷӯйи Ёвон маъмулан барои кор ба Русия мераванд. Тибқи бархе аз манобеъ сокинони ин ноҳия дар муқоъиса бо навоҳии дигари Тоҷикистон бештар вориди зиндонҳои Русия мешаванд. Дар яке аз мусоҳибаҳои худ раҳбари ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик" Каромат Шарипов гуфта буд, ки дар Русия "ҳар як сокини 20 ҷавони ноҳияи Ёвон дар зиндон қарор дорад".

Лентаи хабарҳо
0