Сафаров: мавқеи Тоҷикистон ва Русия дар робита ба ДИИШ яксонанд

© Sputnik / Амир ИсаевСайфулло Сафаров. Акс аз бойгонӣ
Сайфулло Сафаров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе ҳамоише дар бораи масоили муҳими амниятии Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар зимн хабарнигори Sputnik бо муовини аввали раиси МТС суҳбате дошт, ки номбурда дар бораи амалиёти низомии Русия дар Сурия назари худро иброз дошт.

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамӣ (СПАД) аз амалиёти низомии Русия дар Сурия ҳимоят хоҳад кард, гуфт, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон (МТС) Сайфулло Сафаров дар суҳбат бо Sputnik.

"Мавқеи Русия нисбат ба Сурия аз як тараф мавқеи худии ин кишвар аст ва аз тарафи дигар, агар он барои мубориза бо терроризм бошад, пас мавқеи СПАД ҳам ҳаст. Мубориза бо терроризмро дар ҳар ҷойеву ба ҳар шевае, ки набошад, мо идеяи дастаҷамъӣ меҳисобем", — таъкид кард, ӯ.

Бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Маркази мубориза алайҳи ифротгароӣ дар ДСТР таъсис меёбад

Муовини аввали раиси МТС афзуд, "Русия ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳаққи интихобро дорад, бахусус вақте як кишвари абарқудрат ва нерӯи марказӣ маҳсуб меёбад".

"Ин ки бархеҳо аз иқдомҳои Русия интиқод мекунанд, ҳарфҳои беҳуда аст. Дар Афғонистон ҳавопаймоҳои неруи низомии Амрико беморхонаро бомборон карданд, ки 22 сокини осоишта ба ҳалокат расид. Ҳеч кас кафолати онро дода наметавонад, ки дар натиҷаи мубориза аз ҳадафҳои ғайринақшавӣ эмин хоҳад монд".

Дар мавриди ҳаводиси ахир дар марзҳои Тоҷикистон ва СПАД ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки ин созмон дар давраи раисии Тоҷикистон санҷиши бесобиқаеро баргузор кард ва маълум шуд, неруҳои он барои рафъи тамоми навъи таҳдидот омодаанд.

"Баъди давраи раисии Тоҷикистон ин созмон сифатан тағйир меёбад. Ҳоло он бисёр фаъол ва ба талоботҳо ҷавобгӯ аст", мегӯяд, муовини раиси МТС.

Сарвари МТС: аз хатари "ДИ" моро СПАД ҳимоят менамояд

"Дар мавриди марзҳои ҷануб бояд гуфт, ки ин ҳодисаҳо ҳанӯз аз соли 2012 маълум ва пешгӯӣ шаванда буданд. Марказ ва раҳбарияти кишвари мо ба таври расмӣ аз ин таҳдидҳо ба давлатҳои ИДМ ва аъзои СПАД хабар дода буд. Аммо ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир нашуд. Ҳоло ҳам ҳеч гуна "сигнале " вуҷуд надорад ва мо ҳам дар бораи шиддатёбии вазъ ҳарф мезанем", — илова кард, САфаров.

Охирҳои моҳи гузашта ҷангиёни Толибон маркази вилояти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистон аст, тасарруф карданд.

Ҷангиёни Толибон бо вуҷуди талошҳои пайвастаи мақомоти Афғонистон барои нишастан сари мизи музокирот, охирҳои моҳи апрел ҳамлаҳои худро густариш доданд.

 

Лентаи хабарҳо
0