Маркази мубориза алайҳи ифротгароӣ дар ДСТР таъсис меёбад

© Sputnik / Амир ИсаевБинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ
Бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони “Манофеъи миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ” идома дорад.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Рӯзҳои наздик дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Маркази мубориза алайҳи ифротгароӣ ба фаъолият оғоз мекунад, иброз дошт ноибраиси донишгоҳи мазкур Умед Мансуров.

Қосими Бекмуҳаммад, журналист ва сиёсатшинос. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қосими Бекмуҳаммад: СПАД бояд муборизаро бо терроризм тақвият бахшад

"Ман ба ҳамкории танготанг бо шохаҳои гуногуни ҳукумат ва коршиносон дар ҳошияи ин марказ бовар дорам,- гуфт Мансуров.  —Ҳоло авзоъ дар кишвар мураккаб аст. Ман фикр мекунам, ки қатор агар нарафта бошад ҳам, ҳоло дар садади рафтан аст, ҳадди аққал бояд савори вагони охир шуд".

Ҳамоиш дар ҳошияи роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад.

Ин конфронс бо ибтикори Маркази таҳқиқоти стратегӣ, Маркази омӯзиши равандҳои геполитикии ДСРТ ва Ассосатсияи таҳлилии СПАД сурат мепазирад.

Лентаи хабарҳо
0