ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии раисҷумҳури Чин ҷаноби Си Ҷинпин дар робита ба 66-солагии ташкили ин ҷумҳурӣ номаи шодбошӣ ирсол кард, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар".
"Барои ман боиси қаноатмандии бузург аст, ки ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Чин табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини хешро дар иртибот ба 66-умин солгарди ташкили Ҷумҳурии Мардумии Чин баён дорам",- навиштааст оқои Раҳмон.
Дар идомаи номаи табрикӣ омадааст, дар даҳсолаи охир Чини бо мо дӯст дар кори дигаргунсозии куллӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии кишвар ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки бо шарофати он Чин дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи сазоворро касб кард.
Президенти Тоҷикистон ба сатҳи кунунии ҳамкории бисёрҷонибаи стратегӣ бо Чин, ки дар солҳои охир барои тавсеа ва тақвияти минбаъда ҷараёни муқтадир гирифтааст, баҳои баланд дода, иброз доштааст, ки аз ин ба баъд низ ҳамкориҳо ривоҷ хоҳанд ёфт.
"Ман мӯътақид бар онам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак метавонем ба ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин, ки ба манфиати аслии мардумони ин давлатҳо ҷавоб гӯянд ва омили муҳими сулҳу субот дар минтақа маҳсуб мешаванд, ҷараёну инкишофи тоза бубахшем",- илова кардааст Раҳмон.
Маврид ба тазаккур аст, ки тайи 20 соли ахир равобити Чин бо Тоҷикистон рушд карда, аз либосу коло то асбоби рӯзгори ҳар хонадони тоҷик, ҳатто меваю сабзавот низ аз он ҷо ворид мешаванд.
Бузургтарин шоҳроҳи кишвар бо сармояи 200 миллион доллари чиниҳо бозсозӣ мешавад, инчунин 100 миллион доллари дигарро Чин барои навсозӣ ва густариши корхонаҳои маъдан, аз ҷумла тилло, нуқра ва металҳои дигар ихтисос додааст.
Сармояи Чин дар бунёд ва бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва хатҳои интиқоли барқ истифода гардида, дар ҳоли ҳозир беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти густурда доранд. Ба назари коршиносон, ҳаҷми умумии сармояи Чин дар Тоҷикистон шояд бештар аз 1 миллиард доллар аст.