Чин дар Хуҷанд шаҳраки ҷадид месозад

© Sputnik / Искандари ФирузДонишгоҳи давлатии Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чин дар солҳои охир ба яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, дар иҷрои тарҳҳое, чун бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, бунёди нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, тармими шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – марзи Ӯзбакистон ширкат ва сармоягузорӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Чин дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд ба сохтмони як шаҳрак оғоз мекунад, ки аз биноҳои истиқоматӣ, мактаб ва иншооти дигари иҷтимоӣ иборат буда, нахустин биноҳояш баъд аз 5 сол ба истифода дода хоҳад шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии ҳукумати вилоят.

"Маҷмӯи биноҳои нави истиқоматӣ, мактаб ва иншооти иҷтимоӣ дар хиёбони Раҳмон Набиеви Хуҷанд ҷойгир буда, пас аз 5 сол нахустин иншооти он мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт",- менависад манбаъ.

Табибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи маркази ташхиси бемориҳо дар Хуҷанд, ки 1 млн арзиш дорад

Ба иттилоъи мақомот, масъалаи мазкур аснои мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳе аз меъморону сохтмончиёни Чин 13 август ниҳоӣ шуд.

"Дар асоси нақшаи сохтмони шаҳрак бунёди 15 бинои баландошёна барои 1200 оила, бунёди мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст",- омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, оқои Аҳмадзода аз ҷониби Чин хостааст, ки ҳангоми сохтмони шаҳраки нав "ҳуқуқи сокинони ин маҳал ва меъёри қонунҳои мавҷудаи сохтмонӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи иншоот, истифодаи ҳар чи бештари кормандон ва мутахассисони маҳаллӣ"-ро риоя кунад.

Ҷумҳурии мардумии Чин дар солҳои охир ба яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, дар иҷрои тарҳҳое чун бозсозии шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, бунёди нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, тармими шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода — марзи Ӯзбакистонро анҷом медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0