ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Тоҷикистон ба $500 миллион сармоя ниёз дорад, гуфт раҳбари Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ҷараёни дидор бо муъовини раиси Бонки рушди Чин дар Синзян Лю Тао, хабар медиҳад сомонаи БМТ.
"Барои иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои энержӣ, кишоварзӣ, истихроҷ ва коркарди маъодин ва ҳамчунин барои ҳифзи тавозуни тиҷорат Тоҷикистон ба сармояи ботахфифу имтиёзноки 500 миллион долларӣ ниёз дорад", — зикр кард раиси БМТ дар ин дидор.
Дар маҷмӯъ Нурмуҳаммадзода вазъи макроиқтисодии кишварро хуб арзёбӣ карда ба ин нукта таъкид кард, ки алорағми бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон дар бонкҳои Тоҷикистон мизони пасандозҳо афзоиш меёбанд ва ин амр имкон медиҳад қарзҳо дода шаванд.
"Шарикони чинӣ пайваста аз мо пуштибонӣ мекунанд ва мо барои чунин кӯмакҳо аз шумо сипосгузорем. Ҳамзамон мо куллияи муваззафоти худ дар назди қарздиҳандагонро сареъан иҷро мекунем", — гуфт вай.
Хабар дода шудааст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гурӯҳи вижае барои ҷалби сармоягузориҳо ба Тоҷикистон таъсис шудааст ва ин гурӯҳ барои оғози музокирот бо ҳамтоёни чинӣ омода мебошад.
"Мо маҳз барои он ташриф овардаем, ки имконоти ҳамкориро биомӯзем ва ба Тоҷикистон сармояи зарурӣ ихтисос бидиҳем, фикр мекунам баъд аз анҷоми музокирот ва баррасиҳо мо метавонем қарордод дар бораи ихтисоси $500 миллионро имзо кунем", — гуфт Лю Тао.
Чин феълан бузургтарин сармоягузори Тоҷикистон аст. Дар авохири соли 2014 аз маблағи умумии қарзҳои Тоҷикистон, ки 2 миллиарду 95,9 миллион мебошад, $901 миллион ба Чин ихтисос гирифтааст.
Аз даҳаи 1990 то соли 2006 Русия ва Ӯзбекистон бузургтарин қарздиҳандагони Тоҷикистон буданд. Вале бо гузашти солҳо вазъ тағйир ёфта ва аз соли 2007 Чин ба сармоягузории Тоҷикистон шурӯъ кард.