ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ин воҳиди нави сохторӣ бо номи "Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳо" фаъолият карда, бо тавсияи Барномаи баҳогузории бахши молиявии Хазинаи байналмилалии асъор ташкил гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии БМТ.
Манбаъ мегӯяд, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси БМТ, зимни мулоқот бо намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои рушди сохтори нав дархости кӯмак кардааст.
"Мутахассисони идораи тозатаъсис дар марҳилаи аввали фаъолияти худ ба дастгирии техникӣ ва маслиҳату машварати коршиносони ботаҷрибаи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз доранд", — афзудааст вай.
Ҳамзамон, дар навбати худ намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кӯмак ба сохтори нав изҳори омодагӣ кардааст. Давид Григорян ва Дарко Бохнеч, намояндагони ХБА таъкид кардаанд, ки мақсади ташрифи онҳо ба ҷумҳурӣ ва бахусус ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи нақша расонидани кӯмаки техникӣ ба Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои бонк ба шумор меравад.
Гуфтанист, сохтори нави Бонки миллии Тоҷикистон шурӯъ аз аввали моҳи сентябри соли равон таъсис ёфта, фаъолият дорад.