Эмомалӣ Раҳмон дар СММ аз мушкилоти коммуникатсионӣ гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон (дар байн) дар ҷаласаи СММ. 29 сентябри соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон (дар байн) дар ҷаласаи СММ. 29 сентябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Набудани имконияти баромад ба баҳр имконияти ҳамгироии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкиро бо низоми бисёрҷонибаи тиҷорат душвор гардонида, ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ дорад, афзуд президенти Тоҷикистон.

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб кард, менависад сомонаи президент.

Оқои Раҳмон дар оғози суханрониаш дар ин минбари баланд гуфтааст, ҳоло мо дар марҳалаи бисёр муҳими таърихӣ қарор дорем, ки тақдири наслҳои оянда ба қарорҳои мо марбут аст.

Мулоқоти Раҳмон бо Чан Оча дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк

"Ба кишварҳои минтақаи мо, алалхусус мамлакатҳои аз ҳама камтар рушдёфта, кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ ва давлатҳои ҳурди ҷазиравӣ хатарҳои умумӣ таҳдид мекунанд ва онҳо афзалиятҳои яксон доранд, ки ҳаллу фасли ин мушкилот ва татбиқи ин авлавиятҳо фаъолияти таъҷилӣ ва қотеонаи моро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ тақозо дорад",-иброз доштааст раисҷумҳури ҶТ.

Роҳбари ҳукумати Тоҷикистон илова кардааст, ки бо дарназардошти таҷрибаи ҳангоми татбиқи стратегияҳои коҳиш додани камбизоатӣ бадастомада Стратегияи боло бурдани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2013-2015 тасдиқ ва татбиқ гардид.

"Тибқи Стратегияи зикршуда ҷиҳати такмили идораи давлатӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодӣ дар асоси инкишофи бахши хусусӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, беҳтар намудани сифати таълим, тавсеа бахшидани дастёбӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, оби ошомиданӣ ва беҳдошт, инчунин таъмини баробарии гендерӣ чораҳо андешида шуданд",- қайд кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи раисҷумҳур, набудани имконияти баромад ба баҳр имконияти ҳамгироии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкиро бо низоми бисёрҷонибаи тиҷорат душвор гардонида, ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфт. 8 июни соли 2015. - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ: аз масоили амниятӣ то марзӣ

"Аз ин рӯ, мо ҷонибдори ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ додани авлавият ва афзалияти зиёдтарин дар низоми тиҷорат ҳастем. Махсусан муҳим мешуморем, ки дар иртибототи нақлиётиву коммуникатсионӣ ҳама гуна монеаҳои беасос ва сунъӣ, ки онҳо ба танзиму таҳкими ҳамкориву шарикӣ мусоидат намекунанд аз байн бардошта шаванд",-пешниҳод намудааст ӯ.

Ба бахши коммуникатсия дахл карда, Раҳмон илова намудааст, ки як теъдод лоиҳаҳои роҳи оҳан, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, ки ба мо имконияти пайвастшавӣ бо инфрасохтори марбутаи Чин, Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақаро медиҳанд, дар ҳолати омодасозӣ ё баррасӣ қарор доранд.

Дар охири суханрониаш таъкид кардааст, ки Тоҷикистон минбаъд низ бо тамоми кишварҳои минтақа ва муассисаву барномаҳои Созмони Милал дар амри татбиқи муваффақонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0